Бонки ҷаҳонӣ бар сари неругоҳи "Роғун" дар Қазоқистон баҳс мекунад

Хабари хуб 26.06.2014 09:06

bonki jahoniБонки ҷаҳонӣ эълом кард, ки баррасии натоиҷи таҳқиқи мушахассоти фаннӣ ва паёмҳои зистмуҳитии неругоҳ барқи обии "Роғун" бо мушорикати коршиносони кишварҳои  ҳавзаи рӯдхонаи Ому тайи нишасте ба муддати як ҳафта дар дафтари ин ниҳоди молии байналмиллалӣ дар Алмаатои Қазоқистон анҷом хоҳад гирифт.

Ба гузориши сайти Бонки ҷаҳонӣ, ин нишаст аз рӯзи 14 июл оғоз мешавад ва намояндагони кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Ому метавонанд аз тариқи видеоконфронс дидгоҳи худро дар ин маврид иброз намоянд.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар мавриди натоиҷи аввалияи гузориши ҳайати коршиносии Бонки ҷаҳонӣ роҷеъ ба мушаххасоти фаннӣ ва паёмадҳои зистмуҳитии неругоҳи барқи обии "Роғун" баҳс ва табодули назар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Бонки ҷаҳонӣ дар ин нишаст мавзӯи амнияти садди ин неругоҳ ва баландии он, мудирияти оби захирашуда, таъсири фаъоли ин тарҳ бар муҳити зисти кишварҳои поёноб мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Бо ин ҳол Бонки ҷаҳонӣ эълом кардааст, ки пас аз ироаи гузоришҳое дар бораи неругоҳи барқи обии "Роғун" ин ниҳоди молӣ дар сохти ин тарҳи муҳими энержии Тоҷикистони сармоягузорӣ нахоҳад кард.

Неругоҳи барқи обии "Роғун" 40 сол қабл дар даврони ҳукумати Шуравӣ оғоз шуда ва тайи солҳои охир ба далели мухолифати  шадиди Узбакистон ниматамом боқӣ мондааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97