Фоҳишаро мешиносӣ(?!), ба ВКД маълум намо!
Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки барои решакан кардани фаҳшо дар кишвар бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, мақсади он аз ширкати ҷомеа дар мубориза бо ҷиноятҳои зиддиахлоқӣ решакан кардани фаҳшо, даллагӣ ва қочоқи инсон дар Тоҷикистон аст.
ВКД ба шаҳрвандон муроҷиат кардааст, ки дар сурати огаҳӣ аз фаҳшо ба телефони боварии вазири дохила ё пустҳои электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., www.vkd.tj ё www.mvd.tj муроҷиат кунанд.
Ба шаҳрвандон пешниҳод шудааст, ки бидуни ифшо кардани ҳувияти худ аз чунин мавридҳо ба мақомот хабар бидиҳанд.
Хелеҳо дар кишвар аз ин иқдоми ВКД истиқбол кардаанд Ин гуруҳ бар он аст, ки дар сурати иҷро шудани ин тарҳ фаҳшо дар Тоҷикистон коҳиш хоҳад ёфт. Аммо чунин ба назар мерасад, ки тайи чандин соли сар додани ҷилави танфурӯшон онҳо ба як ҳалқаи занҷираӣ табдил шудаанд ва мубориза аллайҳи онҳо коре осон нахоҳад буд. Ин ҳам дар ҳоле ки аксарияти фоҳишаҳо ва даллаҳо аз "меҳмонон"-и доимии идораи пулис ҳастанд, ки ба осонӣ аз банд раҳо шудаанд.
Дар ҳамин ҳол ҷомеашиносон афзоиш ёфтани фаҳшоро дар Тоҷикистон нигаронкунанда унвон мекунанд.
Ахиран тайи рейдҳое ВКД чандин фоҳишахонаҳоро ошкор кард.