Як зани иронӣ дар давлати ҷадиди Ҳинд вазифа гирифт

Хабари хуб 28.05.2014 19:39

TulsiХонум Исмрити Иронӣ, ки 38 сол син дорад, ба унвони вазири тавсиъаи манобеи инсонии кабинаи нави Ҳинд муаррифӣ шудааст ва ҳамсари Зубини Иронӣ, аз хонаводаҳои зартуштиёни ирониюласли Ҳинд аст.

Нахуствазири ҷадиди Ҳинд рӯзи 27 май аъзои кабинаи ин кишварро муаррифӣ кард. Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Норендро Мудӣ, субҳи сешанбе, як рӯз пас аз он ки расман ба унвони нахуствазири ҷадиди Ҳинд савганд ёд кард, аъзои кабинаи худро дар давлати ҷадиди ин кишвар муаррифӣ кард.

Исмрити Иронӣ, ҷавонтарин вазири кабинаи Мудӣ муаррифӣ шудааст, ӯ 38 сол син дорад. Ин бонуи иронӣ, вазири тавсиъаи манобеи инсонӣ таъйин шудааст. Ӯ ҳамсари Зубини Иронӣ, аз шаҳрвандони зартуштии Ҳинд аст.

Исмрити Иронӣ, сиёсатмадори ҳиндӣ, дар гузашта бозигари телевизиён ва таҳиякунанда буд.

Пас аз 30 сол дар таърихи интихоботи он кишвар, ҳизби Баҳоротиё Ҷоното ба раҳбарии Мудӣ бо ба даст овардани беш аз ниме аз курсиҳои порлумон, тавониста давлате ғайриэътилофӣ ва мустақилро ташкил бидиҳад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97