Милисаи тоҷик ҳам пулис мешавад

Хабари хуб 26.05.2014 14:50

miliciya 1Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тарҳи  Қонун «дар бораи пулис»-ро барои дарёфти афкори умум дар сомонаи худ ба нашр расонидааст.

Маҳбуба Гулова, масъули сомонаи ВКД ба «Озодӣ» гуфтааст, тарҳи қонуни пулис ба хотири  ҷалби назари ҷомеа ҳам дар сомонаву ҳам дар нашрияи вазорат «Қонун ва ҷомеа» нашр мешавад. Тарҳи қонуни пулис  аз 39 модда ва 6 боб иборат буда, вазифаҳову уҳдадориҳои кормандони пулисро тасниф мекунад.

Тавре дар моддаи авали он зикр шудааст, «Пулис дар  Тоҷикистон сохтори таркибии мақомоти корҳои дохилии ин кишвар буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ  муҳофизат менамояд.»

Ду соли пеш дар Русия милиса ба пулис иваз шуд ва ҳадс зада мешуд, ки дер ё зуд милиса дар Тоҷикистон ба пулис бадал хоҳад шуд.

Акнун эълон шуд, ки табдили номи милиса ба пулис як бахши ислоҳоти сохторҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон аст. Ин ислоҳот бояд то соли 2020 ба анҷом бирасад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97