«МегаФон» ба муносибати 90-солагии Душанбе алоқа тӯҳфа мекунад

Хабари хуб 23.05.2014 09:56

tp ubilejnij13 майи соли 2014. Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба муносибати 90-солагии Душанбе ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариён нархномаи нодири «Юбилейный»-ро пешниҳод менамояд, ки мувофиқи шартҳои ин нархнома онҳо имкон пайдо мекунанд, ки SMS ирсол намуда, дар ҳудуди шаҳр Интернетро ройгон истифода баранд. 

«Душанбе – шаҳри ҳайратангез ва дорои таърихи аҷиб мебошад. Тӯли 90 сол он аз қишлоқи хурдакак ба пойтахти ҷумҳурӣ табдил ёфтааст, ки дорои пояи баландтарини парчам, чойхонаи бузургтарин, осорхонаҳо, боғҳо, театрҳо мебошад. Бо эҳтироми таърихи шаҳр ва ғамхорӣ нисбати муштариёнамон, ки дар ин шаҳр умр ба сар мебаранд, мо нархномаи махсусро пешбинӣ намудем. Он ба муштариён имкон медиҳад, ки дар асоси ройгон даъватҳоро дар дохили шабакаи «МегаФон» анҷом дода, SMS-ҳоро ирсол намоянд.  Ба ғайр аз ин ҳаррӯза ба муштариёни нархномаи «Юбилейный» дар шаҳри Душанбе 10 Мб Трафики интернет пешниҳод карда мешавад. Он барои истифодаи почтаи электронӣ, хондани хабарҳо ва муошират дар шабакаҳои иҷтимоӣ кофист», - мегӯяд директори тиҷоратӣ Дмитрий СЕМЁНОВ. 

Арзиши зангҳо ба рақамҳои операторони дигари алоқаи мобилӣ ё телефонҳои сайёр барои муштариёни Нархномаи «Юбилейный» дар ҳудуди Душанбе 10 дирамро барои як дақиқа ташкил медиҳад. Берун аз ҳудуди шаҳр барои истифодабарандагони нархномаи нав дақиқаи сӯҳбат 20 дирам, SMS-хабарҳо бошанд, - 10 дирамро ташкил хоҳанд дод. 

Пардохти ҳаррӯзаи абонентӣ барои истифодабарии хизматрасонӣ 90 дирамро ташкил медиҳад.  

Нархномаро метавон дар дилхоҳ идораи хизматрасонии ширкати «МегаФон» пайваст намуд.    

Барои маълумоти муфассал

Бо эҳтиром,

Фируза Бердиева

PR- менеҷери

Департамент оид ба робита бо ҷомеаи

ҶСП «TT мобайл», Тоҷикистон

ш.Душанбе, к.Ҳувайдуллоев 73/2

моб. (+992) 90 1000 484

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.">Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97