Як SIM-корт дар ду кишвар

Хабари хуб 21.05.2014 07:48

small web banners russАлоқаи мобилӣ дар Россия ва Тоҷикистон бо як SIM-корт - имконпазир аст!

19 майи соли 2014. Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ширкати "МегаФон" хидматрасонии "Ду кишвар дар як SIM-корт"-ро ба кор даровард. Он ба муштариён имкон медиҳад, ки хароҷоти алоқаи мобилӣ аз ҳисоби истифодабарии SIM-корти ягона дар Россия ва Тоҷикистон сарфа карда шавад.

Мутобиқи маълумоти ХФМ Россия теъдоди муҳоҷирони меҳнатии ФР аз Тоҷикистон тақрибан беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад - ин тақрибан 90% ҳамаи муҳоҷирони ҷумҳурӣ дар хориҷа ба шумор меравад. Барои онҳое, ки дар Тоҷикистон умр ба сар мебаранд ва дар баробари ин зиёд ба Россия сафарҳоро анҷом медиҳанд, "МегаФон" хидматрасонии "Ду кишвар дар як SIM-корт"-ро пешниҳод менамояд. Мувофиқи шартҳои он ба муштариёни ширкат зарур намеояд, ки ҳангоми сафари худ ба ФР ё баргаштан аз ин кишвар аз сари нав ба шабака пайваст шаванд; танҳо кофист, ки як SIM-корти "МегаФон", ки ба он ду рақам (русиягӣ ва тоҷикистонӣ) пайваст гардидааст, истифода бурда шавад. Ҳангоми аз як кишвар ба кишвари дигар рафтан, рақами муносиб ба таври автоматӣ фаъол мегардад; дар Тоҷикистон рақами шабакаи "МегаФон Тоҷикистон", дар Россия бошад - рақами шабакаи "МегаФон" амал мекунад. Ҳар як рақам дорои тавозуни худ ва тарофаҳои муфид барои алоқа мебошад.

"SIM-корт бо ду рақам - хеле роҳат аст, зеро ҳар дафъа ҳангоми сафар ба Маскав ва баргаштан ба хона, зарур намеояд, ки аз сари нав ба шабака пайваст шавед, функсияеро ба танзим дароред ё шиносонро доир ба ивазшавии рақам огоҳ намоед, - изҳор дошт директори тиҷоратии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" Дмитрий СЕМЕНОВ. - Агар баногоҳ наздиконатон ба рақами ғайрифаъолатон даъватро анҷом диҳанд, онҳо паёмаки овозиро оид ба истифода бурда шудани рақами дигар шунида, рақамро ҳамроҳи SMS-хабар ба даст меоранд. Шумо инчунин огоҳиро бо телефони шахси даъваткунанда ба даст оварда, бо хоҳиши худ метавонед бо ӯ дар тамос бошед. Ҳангоми сафар ба Россия бо як SIM-корт Шумо мавриди роуминги байналмилалӣ қарор намегиред, ин маънои онро дорад, ки хароҷоти худро ба алоқа сарфа менамоед".

Дар доираи хидматрасонӣ муштарӣ ҳангоми ҳузур доштани худ дар хона мувофиқи шартҳои нархномаи "Истиқболи самимӣ" мавриди хидматрасонӣ қарор мегирад, яъне дар дохили шабакаи "МегаФон Тоҷикистон" имкон дорад, ки ҳамагӣ бо арзиши 6 дирам барои як дақиқа муошират намояд. Дар шаҳри Маскав истифодабарандаи ин хидматрасонӣ ба таври автоматӣ ба нархномаи "Истиқболи самимӣ - ду кишвар" гузаронида мешавад. Он ба муштариён имкон медиҳад, ки бо арзиши 0,5 рубл шурӯъ аз дақиқаи дуюми суҳбат дар дохили нархнома муошират намоянд. Арзиши зангҳо ба шабакаи "МегаФон" Тоҷикистон" ҳамагӣ 1 рублро аз дақиқаи дуюми суҳбат ташкил хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин нархҳо аз арзиши суҳбатҳо дар роуминги байналмилалӣ якчанд маротиба пасттар ба шумор мераванд. Анқариб як ҳазор муштариёни ширкати "МегаФон Тоҷикистон" аллакай Хидматрасонии навро мавриди истифода қарор додаанд.

Дар ин марид Валентина Бутник

мудири раёсати кор бо ҷомеъаи ҶСП «ТТ мобайл» - хабар дод

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97