"Облава" ҳам нест ва ҳам ҳаст

Хабари хуб 19.05.2014 14:12

Oblava hastКомиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷалби маҷбурӣ ё "облава"-и ҷавонон ба сафи артишро рад мекунад, аммо мегӯянд, кормандони ин ниҳод ба ҷустуҷӯи ҷавонони саркаш ба хонаҳои онҳо мераванд.

Хушнуд Исомиддинов мегӯяд, рӯзи бомдоди рӯзи 25 апрел дар пайи "облава" аз ошёнаи чаҳорум сарозер шуд ва ду муҳраи миёнаш шикастааст.

Алиҷон Раҳмонов, масъули даъват дар комиссариати ҳарбии Суғд дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфтааст, ки дар ҳолати рӯ ба фирор овардану ҷароҳат дидани ҷавонони саркаш аз хидмати ҳарбӣ, масъулият бар дӯши онҳо хоҳад буд. Вай афзудааст: "Дар ягон ҷо "облава" нест. Масалан, ин тавр мешавад, ки даъватшаванда аз тирезаи хона ё чашмаки дар корманди низомипӯшро мебинаду рӯ ба гурез меорад. Агар вақти фирор бо вай ягон чӣ рух диҳад, магар ин ҷо кормандони мо айбдоранд?"

Ҳамин тавр, ҷавони 23 солаи суғдӣ Хушнуд Исомиддинов субҳи рӯзи ҷумъаи 25 апрел дар маҳаллаи 31-уми Хуҷанд, вақте 4 нафар афроди либоси мулкӣ бар тан хостанд ӯро ҳамроҳи худ ба комиссариати ҳарбӣ бубаранд, хост аз балкон поин фуромада, худро аз дасти онҳо раҳо кунад. Аммо аз ошёнаи чорум ба замин афтида, ду муҳраи миёнаш шикаст ва сараш сахт зарб дид. Вай ҳоло дар бемористони вилоятӣ бистарӣ аст ва табибон ҳолашро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Аммо Алиҷон Раҳмонов, як масъули даъвати ҷавонон ба артиш дар комиссариати ҳарбии Суғд дар мавриди қазияи Хушнуд гуфтааст: "Ба фаҳмиши ман, вай вақти аз як балкон ба балкони дигар гузаштан, ба замин афтидааст. Ман дар он гурӯҳ ҳамроҳ набудам ва ҷузъиёти ҳодиса аз ин зиёд ба ман равшан нест. "

Ин масъули комиссариати ҳарбии Суғд афзуда, ки аммо шумораи ҷавонони саркаш аз хидмат кам аст, аксари ҷавонон бо гирифтани даъватномаи расмӣ ҳозир мешаванд ва бархе мунтазири даъват ҳам нашуда, худ ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ меоянд.

Худи Хушнуд Исомидинов низ рӯ ба фирор оварданаш аз 4 нафаре, ки ба манзили зисташ даромадаву мехостанд ӯро ба ба зӯр ба комиссариати ҳарбӣ баранд, радд намекунад. Аммо вай мегӯяд, то он вақт ӯро бо даъватномаи расмӣ ба хидмати ҳарбӣ нахонда буданд. Ҳамчунин, баъди он, ки ба замин зад ва сахт осеб хӯрд, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд ва то ташхиси таббӣ он ҷо нигаҳ доштанд. 

Мақомоти Суғд бо гузашти беш аз ним моҳ аз қазияи Хушнуд Исомиддинов ҳанӯз натиҷаи санҷиши худро баён надоштаанд. Додситонии шаҳри Хуҷанд, ки ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор дода буд, мегӯяд, онро ахиран дар ихтиёри додситонии ҳарбии вилояти Суғд гузоштааст. Як масъули додситонӣ рӯзи сешанбеи 13-уми май дар сӯҳбат бо "Озодӣ" чунин тавзеҳ додааст: "Он ҷо кормандони комиссариати ҳарбӣ ва дигарон буданд, барои ҳамин ин қазияро додситонии ҳарбӣ месанҷад ва қарор қабул мекунад."

Ба ҳар сурат фоҷиаи Хушнуд танҳо ҳодисае нест, ки дар раванди ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар кишвар буруз мекунад. Қаблан дар чунин як ҳодисаи "суру пешкун" дар ноҳияи Восеъ як зани тоҷир дар бозор сӯхта буд. Аммо ҷузъиёти баъдии ин ҳодиса маълум нест, ки оё кассе ба ҷавобгарӣ кашида шуд ё на.

Аммо аз усули "облава" кор гирифтанро мақомоти марбута ҳамеша рад кардаанд, дар ҳоле ки ахиран раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳори нигаронӣ кард ва дастур дод, то ба ин амал дар Тоҷикистон поён дода шавад.  

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97