Навзоде ба як тан, аммо ду сурат ва ду мағз дар Австралия таваллуд шудааст.
Пизишкон гуфтаанд, ки ин низоми нодир рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Австралия таввалуд шуда, дар ҳоле ки як бадан дорад, ду рӯй ва ду мағзи сар дорад, ки навъи нодире аз дугоникҳо мебошад. Дар ҳолати феълӣ навзод шароити хубе дорад ва волидайнаш майл доранд духтари худро ба хонаашон бубаранд.
Мутахассисон мегӯянд, ки аз 50 сол то кунун танҳо 50 мавриди чунин намунае бо чунин шароит таваллуд шудааст ва роҳҳои дармонӣ барои чунин мавридҳое кам ва душвор мебошад.