Бонки миллӣ сабаҳои беқурбшавии сомониро шарҳ медиҳад

Хабари хуб 10.05.2014 11:18

Bonki milliҲаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар 3 моҳи аввали соли 2014, бино ба иттилои расмӣ, ба 7,8 млрд. сомонӣ баробар шуда, суръати рушди воқеии он 7,0 фоизро ташкил додааст.

Бино ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рушди бештар дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар аз ҷумла, сохтмон - 38,1 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ - 13,6 фоиз, гардиши савдои чакана - 13,1 фоиз, саноат - 3,6 фоиз ва хизматрасонӣ - 3,4 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Манбаъ мегӯяд, дар семоҳаи аввали соли 2014 раванди нисбатан номуътадили сатҳи нархҳои маҳсулоти воридотӣ ҳамчун омили беруна ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи мардум (картошка, сабзӣ, пиёз ва маҳсулоти гуштӣ) ҳамчун омили мавсимӣ ба болоравии сатҳи таваррум таъсир расонид.

Дар натиҷа ин нишондиҳанда 2,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,2 банди фоизӣ зиёд аст. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ - 8,2 фоиз ва маҳсулоти хӯрокворӣ - 2,2 фоиз ба вуқуъ пайваст.

Ҳамзамон, сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 4,8 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 1,7 банди фоизӣ кам мебошад.

Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар давраи ҳисоботӣ 1,2 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 банди фоизӣ зиёд мебошад. Таварруми аслии солона бошад, дар ин семоҳа ба 2,3 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97