Духтари Саддом Ҳусейн, диктатори пешини Ироқ гуфтааст, ки ба маҳзи ин ки ба Ироқ баргардам барои гирифтани интиқоми хуни падарам аз ҳич коре дареғ нахоҳам кард. Ӯ гуфтааст, бо ҳамон танобе, ки падарамро эъдом карданд, Моликиро эъдом хоҳам кард.
Хабаргузории Шафақно менависад, чанд рӯзи пеш Ироқ шоҳиди интихоботе будааст, ки гуфта мешавад, муваффақ пушти сар шудааст. Рӯзномаи «Миллият»-и Туркия аз қавли рагд Саддом духтари Саддом Ҳусейн навиштааст, ки «дар сурате ба Ироқ бармегардам, ки нури Моликӣ дар ин интихобот шикаст бихурад. Зеро ӯ касе буд, ки ҳукми эъдоми падарамро имзо кард.»
Ӯ афзудааст, ки аммо ба маҳзи баргашташ ба Ироқ барои гирифтани хунбаҳои падараш аз ҳич коре дареғ намекунад.
Баъд аз сукути режими Саддом хонаводаи ӯ ба Урдун кӯч карда ва то кунун дар як маҳаллаи айённишини Уммон пойтахти Урдун ба сар мебаранд.
Саддом Ҳусейн дар соли 2007 маҳкум ба қатл ва як рӯз қабл аз иди Қурбон ба дор овехта шуд.