Матбуоти Русия мегӯяд, қотилони шаҳрванди тоҷик Салоҳиддин Азизов баъди панҷуним сол ошкор шуда ва ҳам маълум шудаааст, ки сари ӯро дар декабри соли 2008 сирф "дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ" аз танаш ҷудо кардаанд.
Нашрияи Новая газета-и чопи Маскав менависад, ба зудӣ дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи парвандаи аъзои гурӯҳи БОРН (Боевая организация русских националистов Созмони ҷангии қавмгароёни рус) шурӯъ мешавад, ки ба як силсила қатлҳои пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва журналисти Новая газета Анастасия Бабурова, додрас Эдуард Чувашов, антифашист Иван Хуторской ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешаванд.
Ин қатлҳоро як чиз ба ҳам муттаҳид мекунад ҳамаи онҳо, ба ақидаи муфаттишон, сирф дар заминаи адовати миллӣ анҷом шудаанд.
Дар маҷмӯъ аз 9 узви мушаххасшудаи ин банда то имрӯз 7 нафараш боздошт шуда ва баъди ҳабс аксаран ба ҷиноёти кардаи худ иқрор кардаанд. Аз бандаи қотилони БОРН якеи дигар дар Украина ҳангоми сайругашт бар асари таркиши тасодуфии норинҷак ҳалок шуда, танҳо як нафар ҳамчунон дар ҳоли фирор боқӣ мемонад.
Новая газета, ки хабарнигораш Анастасия Бабурова дар январи соли 2009 тасодуфан бо вакили мудофеъи маъруф Станислав Маркелов ҳадафи тири қавмгароён шуд, 5 сол боз ҷараёни тафтишотро мӯшикофона пайгирӣ мекард. Дар матлаби ҷамъбастии ин нашрия бо иқтибосҳо аз парвандаи ҷиноӣ дар бораи дастикам 10 куштор аз сӯи аъзои бандаи БОРН ба раҳбарии Никита Тихонов ва ҳамсари ӯ Евгения Хасис гузориш шудааст.
Нашрия аз парвандаи ҷиноии ин гуруҳ дар мавриди чигуна кушта шудани Салоҳиддин Азизов низ иқтибос овардааст: Рӯзи 6 декабри соли 2008 Коршунов А.С., Паринов А.И., Тихонов Н.А., Горячев И.В. и дигар афроди аз тарафи тафтишот мушаххасношуда дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ як корду як корди мачете ва пистолети травматикии "Оса"-ро бо дастикам 4 тир ба ҳайси силоҳ истифода бурда, дар як ҷангалзор дар наздикии шаҳраки Битетси ноҳияи Ленинони вилояти Маскав Азизов С.М.-ро куштанд.
Бино ба навиштаи Новая газета, ба фарқ аз дафъаҳои дигар, ки ҷангиёни БОРН афроди аз лиҳози идеологӣ барояшон бегона-ро барои ягон амали мушаххасе, ки ба ин қавмгароён хуш намеомад, мекуштанд, Салоҳиддин Азизов як мардикори маъмулӣ буд. Нашрия ҷузъиёти ин ҷинояти мудҳишро низ рӯи саҳифааш овардааст.
Салоҳиддин Азизови 20-сола, ки дар амбори меваҷоти Покровское ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳамларо ба ҳамватанонаш бирасонад.
Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав ёфт шуд.
Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази "Сова" фиристоданд. Масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро гурӯҳи мавсум ба БОРН - Созмони ҷангии қавмгароёни рус - бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номид.
16 ноябри соли 2009 г. Тихонов Н.А., Коршунов А.С., Баклагин М.Ю. ва Исаев В.Е. дар заминаи адоват ва хусумати и идеологӣ бо истифода аз револвери "Наган", сохти соли 1895 бо ду тир дар кӯчаи Хабаровски шаҳри Маскав Хуторской И.И.-ро куштанд. Иван Хуторской, мулаққаб ба "Костолом" 26 сол дошт ва яке аз раҳбаронихеле машҳури ҷунбиши антифа ба шумор мерафт. Барои он лақаби "Костолом" дошт, ки скинҳедҳову қавмгароёни дигарро намекушт,фақат дастонашонро мешикаст.
Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҳалок мешавад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе ҳам дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.
Аммо қатли ваҳшиёнаи қариб 6 сол пеши Салоҳиддин Азизов дар қатори куштори Хуршеда Султоноваи 9-сола, ки дар таърихи 9 феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург дар пеши чашмони падараш кушта шуд, ва қатли низ мудҳиши Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки шаби 26 декабри соли 2013 дар Маскав сари ӯро ҳам мисли Салоҳиддин Азизов аз танаш ҷудо карданд, аз пурсарусадотарин мавридҳои қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия эътироф шудаанд.
Ин се маврид мавҷи бавижа шадиди интиқодҳо дар матбуоти Тоҷикистонро ба бор овард ва мақомоти Душанбе ҷомиаро таскин медоданд, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаҳоро зери назари худ мегиранд. Волии вақти Петербург Валентина Матвиенко ҳам дар мазҳари ом ҳатман пайдо кардану ба зиндон шинондани қотилони Хуршедаи маъсумро ваъда дода буд. Вале ба фарқ аз қазияи Салоҳиддин Азизов, ки қотилонаш баъди қариб 6 сол ба додгоҳ мераванд, қотилони Хуршеда Султонова ва Шоҳҷон Раҳматшоев то ҳол ошкор ва маҳкум нашудаанд.