Раиси ҷумҳурии Қазоқистон гуфт, гурӯҳҳои "Ҳашт" ва "Бист" наметавонанд ихтилофоти ҷаҳониро ҳал кунанд.
Ба гузориши хабаргузории Тренд, Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи душанбе бо ишора ба ин ки мушкилоти дунёи имрӯз танҳо иқтисод нест, афзуд: Ин чолишҳо дар қонунҳои байналмиллалӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ низ дида мешаванд ва гурӯҳҳои "Ҳашт" ва "Бист" ҳануз натавонистаанд онҳоро ҳал кунанд.
Вай ҳамчунин гуфт, ба ҳамин сабаб дар соли 2012 як гурӯҳи ҷаҳонӣ ташкил шуд ва акнуни 160 кишвари ҷаҳон қасд доранд бо ширкат дар гурӯҳи ҷаҳонӣ ба баррасии чолишҳои ҷаҳони имрӯз бипардозанд.
Такомул, адолат, баробарӣ, эътимодсозии ҷаҳонӣ, шаффофсозӣ ва радди инқилобҳо ва ҳаракат ба сӯи такомул, аз ҷумлаи мабоҳисе аст, ки дар нишасти гурӯҳи ҷаҳонӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Раиси ҷумҳурии Қазоқистон таъкид кард, гурӯҳи ҷаҳонӣ аҳдофи мутааддидеро пайгирӣ мекунад, ки барои ҷомеаи байналмилал муфид хоҳад буд.