Ташхиси пизишкони беморхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд рӯшан кардааст, ки ду устухони сутунмӯҳраи Хушнуд Исомиддинови 23-сола, ҳини фирор аз "облава" ва уфтодан аз ошёнаи чаҳорум, шикастааст.
Хушнуд Исомиддинов, бо миёни шикаста таҳти назорати табибон дар шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ аст. Рӯзи 28 апрел дар сӯҳбат бо "Озодӣ гуфтааст, ки рӯзи 25 апрел, соатҳои шаши субҳ 4 нафар ва яке аз онҳо - корманди комиссариати низомӣ маҷбурӣ ба манзилаш дохил шуда, гуфтанд, ки дар маҳалла кадом гурӯҳи авбош занозанӣ кардаву Хушнуд бояд барои баёнот ба шӯъбаи милиса биравад.
Хушнуд мегӯяд, дар соати шаши субҳ бидуни даъватнома ва бо либоси оддӣ омадани онҳо мақсади бо зӯрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бурдани ӯро дошт. Вай хост бо балкони ҳамсоя гузарад ва фуромада фирор кунад, вале оҳан канда шуда, ба замин сарозер шуд: "Баъди он ки дар замин задам, бо гармӣ хеста ду - се қадам рафта афтодам. Онҳо маро ба зӯрӣ ба комиссарияти ҳарбӣ бурданд. Дар он ҷо манро тахмин 2 соат нигоҳ доштанд. Ман аз шиддати дарди тоқатфарсо дар курсӣ шиштан натавонистам ва ба фарш дароз кашидам, баъд беҳуш шудам ва бо тавсияи духтури он ҷо маро ба беморхонаи вилоятӣ овардаанд."
Хушнуд Исомидинов мегӯяд, нафароне, ки ӯро бурда буданд, худро шинос накарда, дар манзили зисташ ва комиссариати низомӣ ба вай алфози сахту қабеҳ мезаданд: Худашонро шинос накарданд, нагуфтанд, ки куҷо мебаранд. Ба комиссариати ҳарбии Хуҷанд бурданд ва кормандон пурсиданд, ки чаро худатро партофтӣ, аз хидмат метарсӣ? Ман гуфтам, ки чаро нагуфтед, ки ба хидмат меравӣ, чаро даъватнома нафиристодед ва манро бо зӯрӣ ин ҷо овардед?
Нозимҷон Шомаҳмадов, аз масъулони ин ниҳод гуфтааст, ин ҳодисаро шунидаву вале огоҳии пурра надорад: «Ман ҳам инро шунидам. Аммо намедонам, кӣ он ҷо рафтаасту чӣ шудааст. Ин масъаларо прокуратура таҳқиқ дорад. Ҷаноби Шомаҳмадов гуфт, ки вале комиссариати ҳарбии Хуҷанд ба таҳқиқи ин масъала машғул нест.
Исмоилхон Ашӯров, табиби Хушнуд дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи вилоятии Суғд ба Озодӣ гуфт, ки вай бояд 4 моҳ таҳти назорати табибон бистарӣ бимонад. Ба гуфтаи вай, Хушнуд бо осеби пӯшидаи косахонаи сар, ларзиши майна ва шикасти пӯшидаи ду муҳраи сутунмуҳраи камариаш бистарӣ карда шуда, ҳоло ҳама аъзои ҷисмашро ҳис мекунад ва ба ҷарроҳӣ ниёз надорад.»
Хушнуд Исомидинов, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт буда, 2 сол пеш коллеҷи омӯзгориро хатм кардаву моҳи апрел ба хотири идомаи таҳсил ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супурд ва дар ҳуҷраи яке аз наздиконаш дар Хуҷанд барои имтиҳон омодагӣ медид.
Ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ тариқи "облава" ё худ маҷбурӣ дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз шурӯи даъвати имсола аз масъулон даъват ба амал овард, то "облава"-ро бас кунанд.