Горбачёвро барои барҳам додани СССР суд мекунанд

Хабари хуб 25.04.2014 16:42

gorbochovГурӯҳе аз намояндагони мардумии парлумони Русия аз Юрий Чайка, додситони кулли ин кишвар хостаанд, то "ҷудоихоҳони шӯравӣ" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Тибқи навиштаи сайти "Известия", Евгений Федоров, Антон Романов, намояндагони Ҳизби "Единая Россия", Иван Никитчук, Олег Денисенко, намояндагони Ҳизби коммунистӣ ва Михаил Дегтярев, намояндаи Ҳизби либерал-демократии Русия дар парлумон ба додситони кулли ин кишвар муроҷиат кардаанд, то ҷиҳати воқеоте, ки боис ба пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ гардидааст, тафтиш гузаронад. Намояндагони  парлумон иддао доранд, дар ҳамапурсии ахир шаҳрвандони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ ҷиҳати бақои он раъй дода буданд, аммо дар натиҷаи амали ғайриқонунии раҳбарияти олии шуравӣ иттиҳод пош хӯрд. Дар ин росто аз додситон талаб карда мешавад, то нисбати Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шуравӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад.

Бино ба иттилои "Известия" дар дархости вакилони мардумӣ омадааст, ҳанӯз 4 ноябри соли 1991 аз ҷониби Идораи назорат аз болои иҷрои қавонин ва амнияти давлатии Додситонии кулли ИҶШС нисбат ба президенти иттиҳод Михаил Горбачёв парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд, аммо бинобар фишори худи ӯ ба Додситонии кул ин парванда қатъ гардид.

СССР ё ИҶШС, ки иборат аз 15 ҷумҳурӣ, аз ҷумла Тоҷикистон буд, пас аз сари қудрат омадани Михаил Горбачёв дар соли 1985 дар саросари шуравӣ сиёсати бозсозӣ эълон шуд ва дар поёни солҳои 80-уми қарни гузашта раванди истиқлолталабии ҷамоҳири аъзо шиддат пайдо кард.  Дар охирин соли бақои шуравӣ, 17 марти соли 1991 ҷиҳати бақои СССР ҳамапурсии умумӣ гузаронида шуд, ки тибқи маълумоти расмӣ, 96,2%-и аҳолии Тоҷикистон ба ҷонибдорӣ аз бақои Иттиҳоди Шуравӣ раъй доданд. Вале 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Ҷумҳурии соҳибистиқлол эълон шуд ва 8 декабри ҳамон сол СССР (ИҶШС) низ расман пароканда шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97