Марги ғалатӣ: Аскари неруҳои марзбониро нони гулӯяш куштааст

Хабари хуб 23.04.2014 17:35

saldat-nonАкмал Давлатов, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва сарбози қисми ҳарбии 2850-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки 6 моҳ қабл тариқи "облава" ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, дар қисми ҳарбӣ ба ҳалокат расидааст.

Ҷасади Акмал Давлатовро рӯзи шанбе, 19-уми апрел ба ҷамоати Дашти гулҳои ноҳияи Ҳамадонӣ, овардаанд ва дар ташхиси тиббӣ зикр шудааст, ки "нон гулӯи сарбозро гирифтасту ҷон додааст."

Аъзам Давлатов, падари Акмал Давлатов рӯзи 22-уми апрел дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, вақте ҷасади фарзандашро оварданд ҳамроҳи тобут масъулони қисми ҳарбӣ низ будаанд ва онҳо ташхиси тиббиро ба онҳо дода гуфтаанд, дар гулӯи фарзандашон нон руст карда, ба ҳамин иллат ҷон додааст.

"Ман ба ин ташхиси тиббӣ шак дорам, бовар намекунам ва ҳатман ба комиссариати ҳарбии ноҳия, ки фарзандамро 6 моҳ қабл аз ҷойгаҳи хобаш гирифта бурданд, шикоят мекунам," - мегӯяд падари сарбоз. Аъзам Давлатов меафзояд, ки фарзандаш сиҳату саломат буд ва ҳамагӣ 2 рӯз қабл аз маргаш бо вай телефонӣ сӯҳбат карда буд.

Вай мегӯяд, ки "вақте тобути фарзандамро оварданд, ман дигар ҳамаро фаромӯш карда будам ва натавонистам бо масъулони қисми ҳарбӣ сӯҳбат кунам. Аз онҳо фақат ҳамин ташхиси тиббӣ мондаасту тамом. Ман ҳатман шикоят мекунам, то фарзандони дигарҳо ба чунин рӯз гирифтор нашаванд."

Аммо дафтари матбуоти сарраёсати нерӯҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз марги ин сарбоз изҳори бехабарӣ мекунад. Ин ниҳод мегӯяд, ҷузъиёти марги Акмал Давлатовро мушаххас хоҳад кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97