Бар асари як оташсӯзии шадид дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як мактаби ҳамагонии ноҳия комилан вайрон шудааст.
Бино ба иттилои Би-би-сӣ ин сӯхтор рӯзи якшанбеи 13 апрел рух дод ва мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки сабаби он тундбоди шадиде будааст, ки боиси рух додани садама дар хатҳои интиқоли барқ шудааст.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ дар мактаби шумораи 31-и рустои Чирики ҷамоъати Тахти Сангини ин ноҳия беш аз 700 шогирд аз синфи як то ёздаҳ таҳсил мекарданд.
Масъулони бахши маъорифи ноҳияи Қубодиён шогирдони синфҳои болоиро барои идомаи таҳсил ба мактабҳои ҳамагонии наздик ба русто тақсим кардаанд. Вале қарор шудааст, ки шогирдони хурдсол ба далели дурии роҳ то бунёд ва ё таъмири ин мактаб таътил кунанд.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки замоне ба мактаби аз оташсӯзи хисоратдида омадем, кӯдакони сокинони маҳаллӣ ва аз ҷумла кӯдакони шогирди ин мактаб машғули посзозии мактаби харобшуда аз маводде буданд, ки бар асари оташсӯзӣ нобуд шуда буд.
Иддае аз волидоне, ки дар макони наздик ба мактаб қарор доштанд, аз он шукргузорӣ мекарданд, ки замони оташсӯзӣ кӯдаконашон дар рӯзи таътил дар манзил будаанд.
Яке аз занони ин русто мегӯяд, ки агар ин оташсӯзӣ рӯзи таҳсил рух медод, имкони талафоти ҷонӣ вуҷуд дошт. Бо ин вуҷуд он чи ба назар мерасид, оташсӯзии як рӯзи қабл тақрибан тамоми дороиҳои мактабро ба комаш фурӯ бурда буд. Ин мактаби ҳамагонӣ, аз ҷумлаи садҳо макотиб дар Тоҷикистон аст, ки дар соли 1931 дар солҳои аввали давраи Шуравӣ дар Тоҷикистон бунёд шуда буд ва яке аз бузургтарини муасисоти омӯзишӣ дар ноҳияи Қубодиён ба шумор мерафт.
Ин мактаб аз маркази ноҳияи Қубодиён дар дурии беш аз 30 километр қарор дорад ва ҳамакнун маълум нест, ки то бунёди мактаби нав барои беш аз 700 шогирд онҳо дар чи вазъияте таҳсил хоҳанд кард.
Аммо мақомоти маҳаллии ин ноҳия гуфтаанд, ки дар муддати кӯтоҳ аз тариқи ҳашар ин мактабро дубора бунёд хоҳанд кард.