Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз "МегаФон" ба ду мактаб-интернати навоҳии дурдасти Тоҷикистон кумаки амалӣ расонид. Беш аз 200 кӯдак аз оилаҳои камбизоати ВМКБ, ки дар мактаб-интернати №24-и воқеъ дар водии Бартанг ва кӯдакони мактаб-интернати №10 воқеъ дар ҷамоати Қаракӯли ноҳияи Мурғоб тарбия мегиранд, бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводи ғиоӣ таъмин шуданд.
Бо интернати водии Бартанг "МегаФон" беш аз ҳафт сол муносибати дӯстона дорад, - кормандони ширкат ба кӯдакон таҷҳизоти таълимӣ ва компютерҳо тӯҳфа карда, бахшида ба Наврӯз, Соли нав ва оғози соли нави таҳсил базми шодӣ баргузор мекунад. Аз оғози соли 2014 бошад, "МегаФон" мактаб-интернати ҷамоати Қаракӯлро низ таҳти пӯшиши худ қарор дода, мунтазам барои кӯдакони ин даргоҳ кумакҳои мавриди ниёзашонро таҳия мекунад.
"Ҷамоати мо дар масофаи 1000 километр дуртар аз пойтахт ҷойгир аст ва дастрасӣ ба минтақаи мо хеле мушкил аст, бинобар ин ба мо на ҳама ташкилотҳо кумак карда метавонанд. Барои ҳамин мо ба ширкати "МегаФон" барои дастгирии доимӣ ва баргузории озмуну базми шодиҳо изҳори миннатдорӣ мекунем. Қайд кардан ба маврид аст, ки сокинони ноҳияи мо ба шарофати "МегаФон" бо иртиботи боэътимод таъмин гардидаанд, зеро дар маҳалли мо дигар ширкатҳои мухобиротӣ фаъолият надоранд", - мегӯяд директори мактаб-интернати №10-и ҷамоати Қарақӯл Айчулпан Абашева.
Қобили тазаккур аст, ки соли равон кормандони "МегаФон" барои кӯдакони мактаб-интернатҳо инчунин дарси фарҳанги истифодаи телефони мобилӣ ва интернетро баргузор карданд. Ба кӯдакон доир ба "дуруст" кор фармудани телефони мобилӣ, интернет ва таърихи иртиботи бесим маълумот дода шуд.