Ширкати ҷопонии Toyota барои ҷамъоварии ҳудуди шаш миллиёну 500 ҳазор дастгоҳи мошин аз бозор ва рафъи ишколи системи фармон (рул) ва сандалии онҳо амр додааст.
Toyota дар ин бора иттилоъия додаст, ки тиқби он ширкати Toyota шомили моделҳое мисли Toyota Ёрис, Урбан Круз (шаҳрпаймо), ҳилукс, Рав 4 ва Таёта Карола (Yaris, Urban Cruiser, Hilux,RAV4 ва Toyota Corola) аст, ки мушкилоте дар системи фармон, сандалӣ ва кисаи ҳавои муҳофиз (эйрбаг) ронанда дорад.
Гуфта мешавад фарохони бозпасгирӣ ва таъмир марбут ба моделҳое аст, ки дар фосилаи солҳои 2004 то 2013 сохта шудааст.
Аз ин теъдод бештарин мошинҳо, яъне беш аз ду миллиёну 300 ҳазор дастгоҳ, ки қарор аст ба намояндагиҳои Toyota бозгардонда шавад, дар Амрикои Шимолӣ аст.
Ҳудуди 800 ҳазор мошин ҳам дар бозори Аврупост.
Ширкати Toyota мегӯяд то кунун гузорише дар бораи марг ё садамае, ки марбут ба мушкили техникӣ бошад, дарёфт накарда, аммо ба ҳар ҳол ронандаҳои мошинҳои эъломшуда бояд бо фурӯшанда ё намояндагии Toyota тамос бигиранд.
Toyota, ки дар рақобате сахт бо Ҷенерол Моторзи Амрикост, соли 2013 бузургтарин тавлидкунандаи мошини ҷаҳон будааст.
Ин ширкат пештар ҳам шуморе аз мошинҳои тавлидии худро барои таъмири системи тормоз ва помпи сӯхт фаро хонда буд.
Моҷарои шикояти моликони чанд миллиё мошини Toyota дар Амрико ва пардохти ғаромат ба онҳо боъис шуд ин ширкат барои даврае ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин тавлидкунандаи мошини ҷаҳон аз даст бидиҳад.