Санаи 16 апрел дар майдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии анъанавие гузаронида мешавад, ки аз ҷониби ширкати «МегаФон» ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар доираи «МегаФорум»-и чорум ба донишҷӯён вазифа дода мешавад, ки як қатор опсияҳои нархномавӣ барои интернети мобилӣ ва барномаи пешбарии онҳоро дар бозори телекоммуникатсионӣ ташкил намоянд. Дар озмун дастаҳо аз 5 мактаби олии бузургтарини ҷумҳурӣ: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Донишгоҳи Славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон ва Донишкадаи Соҳибкорӣ ва хизмат ширкат меварзанд. Корҳои иҷрошуда аз рӯйи чунин меъёрҳои баҳогузорӣ карда мешаванд: идеяҳои креативӣ, дастрасии опсия ба муштариён, шабакаҳои пешбарии маҳсулот, пешгӯйии самаранокии опсияи нархномавӣ (ҷадвал), баромади даста, маҳорати суханварии шахси баромадкунанда, омодакунии муаррифӣ.
Ба ҳайати ҳакамон намояндагони Вазорати маорифи ҷумҳуриявӣ, ширкати «МегаФон», инчунин мутахассисони пешбари соҳаи маркетинг дохил хоҳанд шуд.