«МегаФон» аоқаи видеоии конфронсиро барои якчанд оилаҳои Ваҳдат ва хешовандони онҳо, ки дар Оренбург умр ба сар мебаранд, ташкил намуд. Муштариёни ширкат тавонистанд бо ёрии интернети баландсуръати мобилӣ «рӯ ба рӯ» муошират намоянд.
Дар чорабинии «Истиқболи самимӣ», ки санаи 20 март дар Маркази фурӯш ва хизматрасонии ширкати «МегаФон» дар Ваҳдат сурат гирифта буд, беш аз 5 оила ҷамъ омаданд. Дар давоми солҳои зиёд онҳо бо наздикони худ аз шаҳри Оренбург танҳо тариқи телефон сӯҳбат мекарданд.
«Аз муддате, ки ду хоҳари ман ба Россия рафтанд, 12 сол сипарӣ шуд, онҳо хеле кам меоянд ва ман ҳам имкон надорам, ки ба назди онҳо биравам. Вақте аз МегаФон занг зада пешниҳод карданд, ки ба чорабинӣ ҳозир шавам, ман бо ҷону дил розӣ шудам, зеро ин боз як имконияти иловагие буд, то ман наздикони худро бубинам», - мегӯяд Мастагул Салоҳиддинова.
«Имрӯз дар ҳудуди шаҳр беш аз 8 истгоҳҳои базавии насли дуюм ва сеюми ширкати мо фаъол мебошанд. Ба шарофати инфрасохтори рушдёфта ва таҷҳизоти замонавӣ сокинони Ваҳдат имкон доранд, ки интернети мобилиро бо суръати 4 Мб/с. истифода намоянд. Чунин суръат комилан кофист, то муошират бо наздикон тариқи алоқаи видеоӣ анҷом дода шавад. Дар иди Наврӯз истифодабарандагон махсусан аз дидори наздикони худ шод шуда онҳоро бо идашон табрик намуданд», - мегӯяд директори иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Андрей Шишковский.
«Истиқболи самимӣ» - лоиҳаи «МегаФон» буда дар соли гузашта оғоз ёфта буд. Бо ёрии интернети баландсуръати мобилӣ муштариёни ширкат аз шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон имкон пайдо мекунанд, ки бо наздикони дар Россия будаи худ муошират намоянд. «Истиқболи самимӣ» бо дастгирии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.