Комисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботии Афғонистон Зулмай Расул номзади мавриди ҳимояти раиси ҷумҳур Карзайро дар интихоботе, ки қарор аст, рӯзи 5 апрел баргузор шавад, 200 ҳазор афғонӣ, баробари 3, 700 доллар ҷарима кард. Бино ба файсалаи Комисиюни мазкур Зулмай Расул дар чанд маврид муқаррароти ҷорӣ ва Қонуни интихоботро вайрон кардааст. Аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар вилояти Қандаҳор пулис ба қувваи зурӣ мардумро барои мулоқот бо Зулмай Расул бурда ва мардумеро, ки мехостаанд аз гирдиҳамоӣ берун бираванд, иҳонат намуда ва бо хушунат ба онҳо бархурд кардааст.
Дар як мавриди дигар, ин комисиюн номзади мавриди пуштибонии Карзайро боз ҳам ба вайрон намудани қонун муттаҳам мекунад ва гуфтааст, ки волӣ ё раиси вилояти Пактиё, Ҷумъахон Ҳамдард дар рӯзи ҳамоиши Зулмай Расул дастур додааст, ки дарс дар мактабҳо ва кор дар муассисаҳо таътил шавад ва мардум ба мулоқоти Расул бираванд.
Волии Пактиё инчунин ба ин низ муттаҳам шуда, ки дар гирдиҳамоӣ ба ҷонибдории Зулмай Расул ширкат кардааст.
Комисиюни расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ санад ва видеои ин қонуншиканиҳоро дар ҷаласаи кушода бо ширкати намояндагони номзадҳо, ҷомеаи маданӣ ва рӯзноманигорон ба намоиш гузоштааст.
Комисиюни шикоёти интихоботӣ гуфтааст, ки парвандаи худи волии Пактиё, сухангӯи ӯ ва фармондеҳи пулиси Қандаҳорро Комисиюни мустақили интихоботӣ барои муаррифӣ намудан ба ниҳодҳои қазоӣ пешниҳод кардааст.
Ин Комисиюн инчунин Гулоғо Шерзай, яке дигар аз номзадҳои раёсати ҷумҳуриро низ 150 ҳазор афғонӣ ҷарима кардааст. Шерзай ба он мутаҳам шудааст, ки тайи як ҳамоиши интихоботӣ гуфтааст, ки «Зулмай Расул на хок дорад ва на номус». Комисиюни интихоботӣ ин суханонро дар ҳаққи Зулмай иҳонат ва таҳқир унвон карда ва Шерзайро ҷарима кардааст. Яъне «Зулмай ҳам хок дорад ва ҳам номус». Аммо намояндаи Шерзай дар Комисиюн гуфтааст, ӯ зимни баёни ин суханон қасди таҳқири рақиби худро надошта, балки ишораи Шерзай ба муҷаррад будани Зулмай Расул будааст.
Қабл аз ин ҳам Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай аз сӯи Комисиюни мазкур барои нақзи Қонуни интихобот ҷарима шуда буд.
Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Афғонистон қарор аст, ки дар таърихи рӯзи шанбеи 5 апрел баргузор шавад.
То кунун ҳашт номзад дар сабқат боқӣ мондааст, ки ба бовари таҳлилгарон ҳадди ақал шаш нафари онҳо аз сӯи худи Карзай вориди корзор шудаанд ва ба сенарияи ӯ амал мекунанд. Ва ҳамаи ин номзадҳо барои шикастдондани як нафар ва он ҳам доктор Абдулло Абдулло, намояндаи Ҳизби Ҷамъияти Исломии Афғонистон, аз пайравони Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аст.
Зулмай Расул агарчанд ба унвони муовини аввали худ Аҳмадзиё Масъудро дорад ва табиатан, ҳадаф аз интихоби ӯ ба унвони муовини аввал ҷалби таваҷҷӯҳи пайравони Масъуди шаҳид аст, вале ҷолиб ин аст, Аҳмад Масъуд танҳо писари худи Аҳмадшоҳи Масъуд дар мулоқоти Панҷшер дар канори доктор Абдулло қарор гирифт.
Дигар ин ки агарчанд Аҳмадзиё Масъуд домоди Бурҳониддини Раббонӣ, раиси ҷумҳури собиқ мебошад, вале Салоҳиддини Раббонӣ, писари Устод Раббонӣ ва раҳбари кунунии Ҷамъияти исломӣ низ на аз Аҳмадзиё, балки дар мулоқоти Бадахшон ба нафъи доктор Абдулло таблиғ намуд.
Рӯзи сешанбе мулоқоти Ашарф Ғанӣ Аҳмадзай дар стадиони Кобул доир шуд ва ба тарви мустақим телевизионҳо онро нашр карданд. Саиди Гелонӣ ва Саидмансури Нодорӣ ва чанд нафари дигар, ки қарор буд инҷо ҳозир шаванд, ба ин мулоқот наомаданд ва сабаби он техникӣ эълон шуд. Курсиҳои стадион нимахолӣ буд ва мардум рӯи сабза нишаста буданд. Дар ҳоле ки дар ҳамин лаҳзаҳо дар Ҳирот доктор Абдулло мулоқот дошт ва он ҳам ба сурати зинда нашр мешуд ва даҳҳо ҳазор нафар ба ҷодаҳо рехта буд ва аз фурудгоҳ то варзишгоҳи шаҳр худи ӯ ҷои ба роҳатӣ рост истоданро надошт.
Ин дар ҳолест, ки истиқболи рӯзи гузаштаи Ҳирот аз Расули Саёф ва Исмоилхон, ки бештарин қудрат ва ҷонибдорро дар ин минтақа дорад, ба ин густардагӣ набуд. Ин сабтҳо дар сайтҳои интернетии шабакаҳои телевизонии Тулуъ, Хуршед, Нигоҳ ва ғайра боқист ва касе шак дорад метавонад онҳоро мурур кунад. Исмоилхон, волии қудратманди собиқи Ҳирот ба унвони муовини аввали Абдурасули Сайёф дар интихобот сабти ном шудааст.
Бояд гуфт, ки интихобот умдатан дар вилоёти марказӣ, ғарбӣ, ҳазораҷот, шимол ва шимол шарқ доир мешавад. Интихоботе дар ҷануб ба маънои калима доир нахоҳад шуд, агар ҳам бишавад дар маркази вилоятҳо ва шаҳрҳои калон, дар боқии манотиқ Толибони мусаллаҳ нуфуз доранд ва аз қабл таҳдид намуда буданд, ки интихоботро ба ҳам хоҳанд зад. Ҳудуди 900 маркази раъйдиҳӣ ҳамин ҳоло ҳам ба қарори Комисиюни интихоботӣ ба далели ноамнӣ дар вилоятҳои ҷанубии ин кишвар баста шудааст.
Ба ин далел, даври дуввуми интихоботро нозирон ҳатмӣ медонанд, вале бархе мегӯянд, агар ду пешвои пешини муҷоҳиддин Сайёф ва Исмоилхон аз сабқат канор бираванд, даври дувум зери суол меравад. Дар он сурат пирӯзи майдон маълум аст, агар тақаллуби ошкор ва истифода аз зӯр сурат нагирад.