Барои бори нахуст аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба иддаъоҳои Узбакистон ба сурати расмӣ посухи рад медиҳад.
Бонки Ҷаҳонӣ изҳор доштааст, ки иҷрои тарҳи интиқоли нерӯи барқи CASA-1000 бозгӯи сиёсатҳои ин ниҳоди молии байналмиллалӣ аст.
Ин нуктаро Лора Так, муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) дар посух ба муроҷиъати Галина Саидова, вазири иқтисоди Узбакистон дар мавриди интиқоди вай аз иҷрои тарҳи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистону Покистон таъкид кардааст.
Лора Так ҳамчунин ёдовар шудааст, ки иҷрои ин тарҳ ба рафъи мизони фақр дар минтақа ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум мусоъидат мекунад. Вай таъкид кардааст, ки иҷрои ин тарҳ ба манзури фурӯши нерӯи барқи изофӣ дар фасли тобистонро дар назар дошта ва ба бунёди нерӯгоҳҳои нав рабте надорад.
Галина Саидова дар номаи худ иддаъо дошта буд, ки тарҳи CASA-1000 сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги ҷадид дар минтақаро дар пай хоҳад дошт ва ин амр вазъи зистмуҳитӣ дар Осиёи Марказиро хатчадор хоҳад кард.
Вале Лора Так дар посухи худ, ки дар сайти расмии Бонки Ҷаҳонӣ мунташир шудааст, ин иддаъоро радд карда ва изҳор доштааст, ки интиқоли миқдори зарурии нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон аз роҳи бозсозии нерӯгоҳҳои феълӣ ва сарфа кардани миқдори бештари нерӯи барқ имконпазир мешавад.
Тарҳи CASA-1000 интиқоли ҳудуди 5,5 миллиард киловат соъат нерӯи барқи тавлиди нерӯгоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли тобистонро ба Афғонистону Покистон, ки дар фасли гармо ба камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ ҳастанд дар назар дорад.
Хатҳои интиқоли нерӯи барқ ҳудуди 750 километр буда ва ҳазинаи он беш аз як миллиард доллар арзёбӣ мешавад.
Дар баҳори соли 2011 сафорати Узбакистон дар Покистон бо ирсоли номае унвони мақомоти ин кишвар хоста буд, ки Исломобод аз мушорикат дар ин тарҳ худдорӣ кунад. Эълом шуда буд, ки Тоҷикистон дар робита ба таъсири манфии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Қазоқистон ва Туркманистон низ гузориш надодааст.
Ҳамакнун аз посухи Лора Так бармеояд, ки тарҳи CASA-1000 ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун рабте надорад. Ҳарчанд бо кумаки ин ниҳоди молии байналмиллалӣ арзёбии зистмуҳитии тарҳи Роғун идома дорад.
Аз сӯйи дигар таблиғоти густурда алайҳи тарҳҳои энержии Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Аммо дар ин охирҳо Узбакистон тамоми нерӯи худро бар зидди бунёди нерӯгоҳи Роғун равона месозад. Ҳатто истифода аз овозхонҳои замоне мухолифи давлати Узбакистон ба назар мерасад. Шералӣ Ҷураев, ки овозаш «суд» шуда буд ва аз мухолифони Ислом Каримов маҳсуб меёфт, бо сурудани сурудаҳое аллайҳи бунёди нерӯгоҳҳои барои тақдири мардумони болооб муҳим ва ҳаётбахш камар бубастаасд.
Вале барои бори нахуст аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ ба иддаъоҳои ҷониби Узбакистон посухи расмӣ медиҳад.