Ойниҳол Бобоназарова дар миёни 10 нафар аз занони шуҷоъ аз Украину Ҳинд ва Афғонистон ҷоизаи «Шуҷоати зан»-ии вазорати умури хориҷаи Амрикоро дарёфт намуд. Ҷоизаи «Шуҷоати зан» дар соли 2014-ро Мишел Обама ҳамсари Барак Обама президенти Амрико ба Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони «Дурнамо+» рӯзи 4-уми март тайи маросиме дар бинои вазорати умури хориҷии Амрико дар Вашингтон тақдим кард.
Ӯ аз фаъолони ҷомеаи мадании Тоҷикистон буда, нахустин зан дар таърихи Тоҷикистон аст, ки дар сабқати интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар соли гузашта худро номзад кардааст. Агарчӣ Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотталаб натавонистанд имзои мавриди назарро барои ин номзад сари вақт ҷамъ биоваранд, аммо номи ӯ ҳамчун аввалин бонуе, ки иқдом карда худро номзад ба мақоми президентӣ кардааст, дар сафҳаи таърихи Тоҷикистон сабт хоҳад шуд.
Ойниҳол Бобоназарова, аз ин қабл, дар моҳи декабри соли гузашта дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, соҳиби ҷоизаи «Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсон дар соли 2013» дар Тоҷикистон эълон шуда буд. Созмони ҷамъиятии «Шӯрои ҳуқуқи башар ва қонунгузорӣ» рӯзи 10-уми декабр Ойниҳол Бобоназароваро "Беҳтарин ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон дар соли 2013" эълон кард. Ин ҷоиза соли 2009 таъсис шуда ҳамасола аз тарафи созмони мазкур ба онҳое дода мешавад, ки барои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон беҳтарин талошҳоро анҷом медиҳанд ва бо фаъолияти худ таваҷҷӯҳи давлат ва ҷомеаро ба ин самт ҷалб мекунанд.
Ӯ соли 1948 дар ноҳияи Ёвон ба дунё омада, соли 1971 риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатиро хатм кардааст. То соли 1976 дар аспирантураи Академияи улум кору таҳсил карда, баъди дифоъ аз рисолаи номзадиаш ба ҳайси устод дар риштаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатӣ ба кор пардохт ва то мақоми декани ин факулта расид. Соли 1990 узви раёсати Ҳизби демократии Тоҷикистон, нахустин ҳизби дигарандеши кишвар буд, ки баъдан аз кори ҳизбӣ канор рафт.
Соли 1994 барои ақидаҳои сиёсиащ муддате дар боздошт қарор гирифт. Аз соли 1996 то 2004 ба сифати мушовири намояндагии САҲА дар масоили ҳуқуқи башар кор кардааст. Аз ҳамон сол то соли 2007 раҳбарии раёсати намояндагии Сандуқи Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт. Аз соли 2007 раҳбари созмони ғайридавлатии Дурнамо + аст. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин, ба мақоми муовини додситони кулл пешбарӣ шуд, вале ин мақомро напазируфт.
Шавҳараш Ҷунайдулло Ибодов аз ҳуқуқшиносҳои маъруфи тоҷик аст. Духтараш Парвина Ибодова раиси Анҷумани дастраскунандагони Интернет буда, писараш Ҷовид дар Шӯрои адлия кор мекунад. Ойниҳол Бобоназарова 4 набера дорад.