Гиёҳдармонӣ барои дамиш

Хабари хуб 03.03.2014 15:17

Zira Барои дармони дамиш (нафх) аввалан бояд иллати гирифторӣ ба он ташхис дода шавад. Агар беморӣ ё далели пизишкии нигаронкунанда барои дамиш кардани шиками шумо вуҷуд надошта бошад, метавонед аз бархе доруҳои дорои таркибҳои гиёҳӣ барои дармони дамиш ва шикамдард истифода кунед.

 

Маъмулан масрафи доруҳои гиёҳӣ, ки дорои таркибҳое монанди зираи сабз, зираи сиёҳ, пудина ва бодиён (зираи сафед) ҳастанд, метавонанд барои дармони дамиши шумо, ки бархоста аз суиҳозима ё ҳазм накардани қанди мавҷуд дар бархе аз хӯрокиҳо ё масрафи хӯрокҳои дамовар бошад, асарбахш бошанд.

Албата агар намехоҳед дору ва мехоҳед мушкили меъдаро бартараф кунед, метавонед ин 4 гиёҳро, ки ном бурдем, хушк намуда сипас куфта ба сурати хока табдил кунед ва ҳар бор миқдоре аз онҳоро рӯи ғизое, ки омода кардаед, бипошед. Агар ҳар рӯз ва ба сурати давраӣ аз хокаи яке аз ин гиёҳони зидидамиш ба унвони чошнии ғизоӣ низ истифода бикунед, ғизои шумо ҳам таъми хуб хоҳад дошт ва ҳам масрафи пайвастаи яке аз ин доругиҳо ба дилатон нахоҳад зад.

ҳамчунин шумо метавонед баргҳои тозаи пудинаро ҳам ҳамроҳи ғизои худ ҳамроҳ кунед ва аз хосияти зиддидамиши он баҳраманд шавед. Зимни ин ки шарбати пудина ё шарбатҳои камширини хонагӣ, ки афшураи пудина, хокаи зира ё арақи бодиёна дар онҳо рехта шуда бошад ҳам метавонанд нушидании хуб дар канори ғизои шахсоне бошанд, ки аз мушкили дамиш ранҷ мебаранд.

Шумо метавонед гоҳе вақтҳо аз дамкардаи зира, пудина ё бодиёна ҳам ба ҷои истифода аз хока ва шарбати ин гиёҳон барои коҳиши дарди дамиш кумак бигиред. Яъне ашхосе, ки зиёд дамиш мекунанд, метавонанд як стакан аз ин дамнӯшро ба ҷои як навбат аз чойи рӯзона ё ҳамроҳ бо яке аз хӯрокҳо масраф кунанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97