Корвони Абдуллоҳ Абдуллоҳ, яке аз сиёсатмадорони барҷастаи Афғо-нистон мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос қарор гирифтааст.
Ин ҳамла дар ҷараёни муборизаи интихоботии ин номзад барои интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон сурат гирифтааст.
Мақомот гуфтаанд дар ин ҳамла, ки бо истифода аз аслиҳа дар минтақаи Сурубӣ анҷом шуда, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ осебе нарасидааст. Сурубӣ дар фосилаи ду соъат роҳ ба шаҳри Кобул қарор дорад. Як афсари пулис дар ин ҳамла маҷруҳ шудааст.
Дастёри доктор Абдуллоҳ гуфтааст, ӯ бо вуҷуди ҳамла ба муборизоти интихоботии худ идома хоҳад дод.
11 номзад барои дастёбӣ ба курсии раёсати ҷумҳурии Афғонистон, дар интихоботе, ки қарор аст 5 апрел баргузор шавад ва ҷонишинеро барои Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури кунунӣ интихоб кунад, ба ҳам рақобат мекунанд. Ду нафар аз фаъолони ситоди интихоботии доктор Абдуллоҳ дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар вилояти Ҳирот кушта шуданд.