Равишҳои зиёде барои ташхиси асали тоза аз сохта ё олуда шунида мешавад; ба унвони мисол гуфта мешавад, агар асал шакарак бизанад он тақаллубӣ аст ё инки агар рангаш тира бошад ё инки агар дар зарф бирезӣ набояд риштааш канда шавад, аммо бояд гуфт, ки ҳеч кадом аз ин равишҳо барои ташхиси асали асл ҷавоб намедиҳад.
Як равиши мутмаин барои шинохти асали хуб ин аст, ки онро дохили як стакан оби сард бирезед. Дар ин ҳолат агар қатраҳои асал ҳал нашаванд ва таги стакан таҳшин шаванд асал асл аст, аммо агар асал дар об ҳал ва зарраҳои он ба сурати риштаҳое дар об нопадид шаванд, асал тоза нест.