Бино ба иттилои сайти http://tajik.irib.ir/ бемории ношинохтаи фаромушӣ, ки дар байни таҳсилкардаҳо ривоҷёфтатар аст, пас аз баррасӣ ва таҳлили чандинсола саранҷом таҳлилу баррасӣ шуд.
Пизишкон се мавзӯи тарзи эҷод, пешбурд ва густариши онро мавриди баррасӣ қарор дода ва ба нуктаҳое барои ташхиси зудҳангоми ин бемории хомӯш ва беҳбуди он даст ёфтаанд.
Мутолиаи мазкур, ки дар маҷаллаи улуми аъсоб мунташир гардид, аз вуҷуди қисмате аз мағзи сар ба номи қишри анторинал хабар дода, ки дар сурати бурузи аввалияи ин беморӣ нишонаҳои он дар ин қишр эҷод мегардад.
Ба гуфтаи пизишкон қишри анторинал нақши калидӣ дар эҷоди бемории фаромушӣ дошта ва густариши он ба қисматҳои мухталиф тавассути ин қишр аз мағзи сар анҷом мегирад.
Мутолиаи ёдшуда, ки дар байни бузургсолон ба сурати тасодуфӣ сурат гирифта аст ва нишон дод заволи ақл ва бемории фаромушӣ дар байни афроди мубтало ба коҳиши қобили таваҷҷуҳи метаболизм ва контроли он тавассути эҷоди амалкарди муносиб дар қишри LIC сурат пазируфта аст.