Хадамоти алоқа: Корхонаҳои давлатӣ бояд аз интернети "Тоҷиктелеком" истифода кунанд

Хабари хуб 21.02.2014 17:03

ttelecomкопированиеХадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, дар сурате ки кишвари ҳамсояи Қирғизистон дар дастрасии фароҳамгарони тоҷик ба интернет мушкил эҷод кунад, онҳо чанд роҳи дигари бурунрафт аз ин буҳрони эҳтимолиро хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, агар хутути фибер-нурие, ки аз қаламрави Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид мешавад, гусаста ё масдуд шавад, Тоҷикистон метавонад аз хутути фибер-нурие, ки бо Чин, Афғонистон ва Узбакистон муртабит аст, интернетро барои шаҳрвандон фароҳам созад.

Рафиқҷон Шокиров, муъовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Дар сурати пеш омадани чунин мушкил бо ҳамаи кишварҳо, мисли Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва ё Узбакистон, мо имкон дорем аз тариқи моҳвора дастрасӣ ба интернетро барои муштариён дар дохили кишвар фароҳам кунем."

Тибқи иттилои масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳоло беш аз 3,8 млн нафар дар кишвар аз интернет истифода мекунанд. Яъне аз миёни ҳар сад нафар аз шаҳрвандон 47 нафар ба шабакаи ҷаҳонӣ дастрасӣ доштаанд.

Манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир бархе аз вазоратхонаҳо ва идорот шабакаҳои дохилии худро доранд ва дар сурати фаъол шудани шабакаи саросарии кишвар тамоми онҳо ба ҳам пайваст хоҳанд шуд.

Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба суоли хабарнигорон дар мавриди масдуд шудани баъзе аз сайтҳо, мисли шабакаҳои иҷтимоъии Фейсбук ва YouTube, торнамоҳои хабаргузориҳои Озодагон ва родиюи Озодӣ гуфтанд, киҳеч дастуре дар ин бора ба фароҳамгарон содир нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бисёре аз корбарони интернет дар Тоҷикистон, дастрасӣ ба ин сойтҳо аз тариқи хадамоти бархе аз ширкатҳои фароҳамгари интернет маҳдуд ё масдуд аст.

Рафиқҷон Шокиров дар мавриди ин хабари баҳсбарангези ахир, ки корхонаву идораҳои давлатӣ бояд танҳо аз интернети ширкати "Тоҷиктелеком" истифода кунанд, гуфт: "Тибқи қарори ҳукумат таҳти шумораи 550 вазорату корхонаҳои давлатӣ дар доираи қонун ба хотири милликунонӣ ва таъсиси ҳукумати электронӣ бояд аз фароҳамкунандаи интернети "Тоҷиктелеком" истифода кунанд."

Ин дар ҳолест, ки Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон аз ин тасмим ибрози норизоятӣ карда ва мегӯяд, ки ин амр хилофи усули бозор ва рақобати озод аст ва ба инҳисори (монополия) хадамоти интернет аз сӯйи як муассисаи давлатӣ боис мешавад.

Сару садоҳо дар мавриди пеш омадани мушкил бо интернет дар Тоҷикистон баъд аз муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистон, ки 11 январ ба амал омад, пайдо шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97