Бонки Ҷаҳонӣ фурсатро аз мо мегирад

Хабари хуб 14.02.2014 16:38

tj takЛора Так, муъовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар манотиқи Урупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, дар назар аст, дар нимаи соли ҷорӣ натиҷаҳои арзёбии иқтисодию фаннӣ ва экологию иҷтимоъии ниругоҳи Роғун эълом шавад.

Интизор мерафт, дар моҳи июни соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаҳои бозрасии фаннӣ ва зистмуҳитии нерӯгоҳи Роғун-ро эълом кунад, аммо ин амр то поизи соли гузашта ба таъвиқ афтод. Ҳамакнун Бонки Ҷаҳонӣ таърихи ҷадиди поёни ин гуна арзёбиро эълом кардааст.

Хонуми Так, ки рӯзи сешанбеи 11 феврал, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, бар асоси натиҷаҳои ин арзёбӣ тасмим дар бораи идомаи бунёди ниругоҳи Роғун иттихоз хоҳад шуд.

Ӯ аз мусоъидати давлати Тоҷикистон барои ташхиси шаффофу ошкор қадрдонӣ кард ва гуфт, ин ташхис ҳолатҳои иқтисодию фаннӣ, экологӣ ва иҷтимоъӣ-и тарҳи Роғун-ро мушаххас хоҳад кард.

Лора Так дар мавриди қонуни Амрико дар мавриди манъи ниругоҳҳои бузург гуфт, ин ҳаққи Амрико, кишвари саҳмдори Бонки Ҷаҳонӣ буда ва ҳоҷати шарҳ надорад.

Зимнан, дар моҳи гузашта дар Амрико қонуне тасвиб шуд, ки тибқи он намояндагиҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мувазифадор шудаанд, аз сармоягузорӣ ё тасвиби санад барои бунёди сарбанд ва ниругоҳҳои бузурги барқи обӣ худдорӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Амрико аз сармоягузорони аслии Бонки Ҷаҳонӣ, Сандуқи Байналмилалии Пул ва созмонҳои дигари байналмилалии молӣ маҳсуб мешавад.

Тарҳи бунёди ниругоҳи Роғун  бо мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ шуда ва ба сардӣ гароидани равобити миёни ҳар ду кишвар мунҷар шудааст.

Узбакистон иддаъо дорад, ки бунёди ниругоҳи Роғун бо баландтарин садд дар ҷаҳон ба муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони митақа ба об маҳдудиятҳо эҷод хоҳад шуд. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя хондааст.

Мухолифати кишварҳои поёноб, аз ҷумла Узбакистон бо тарҳи Роғун, давлати Тоҷикистонро водор кард, ки барои анҷоми чунин арзёбии байналмилалӣ мувофиқат кунад.

Тибқи тавофуқот миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ ин ниҳоди молии байналмилалӣ арзёбии техникӣ ва зистмуҳитии тарҳи Роғунро бар уҳда гирифтааст.

Барои иҷрои ин амр дар соли 2010 миёни ширкатҳои байналмилалӣ озмун эълом шуда буд. Як эътилофи ширкатҳои байналмилалӣ ба раҳбарии ширкати фаронсавии "Coyne et Bellier" барандаи озмун барои арзёбии фаннӣ ва молии ин тарҳ дониста шуд.

Гуфта мешавад, бунёди ниругоҳи Роғун бо тавоноии 3600 меговотт мушкили камбуди нируи барқро дар Тоҷикистон ҳалл карда, бо тавлиди нируи барқи арзон ба иқтисоди дохилӣ субот бахшида ва ба содиркунандаи асосии энержӣ дар Осиёи Марказӣ мубаддал хоҳад шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97