Фоҳишагарӣ мояи нигаронии мақомоти тоҷик шудааст

Хабари хуб 10.02.2014 11:30

prostitutki TJМақомоти Тоҷикистон аз афзоиши шумори занҳои танфурӯш ва бавижа танфурӯшони ноболиғ изҳори нигаронӣ мекунанд. Соли гузашта дар кишвар 41 мавриди танфурӯшии танҳо духтарони наврас сабт шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон  аз боз ҳам ҷавонтар шудани синни фоҳишагӣ дар кишвар бонги изтироб мезананд. Масъулони Кумитаи  кор бо занон ва оила рӯзи 4 феврал дар нишасти хабарии ин ниҳоди давлатӣ эълон карданд, ки дар соли 2013  41 мавриди танфурӯшии танҳо духтарони наврас сабт шудааст.

Марҳабо Олимова, муовини раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи сешанбе , 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе бо нигаронӣ аз афзоиши  танфурӯшон ва фоҳишахонаҳо дар кишвар гуфт, "мо дар ин самт пайваста рейдҳо мегузаронем ва мутаассифона, болоравии мизони фоҳишагӣ дар кишвар ба  назар мерасад. Барои мисол, дар соли 2013 1641 занону духтарони фоҳиша кашф шудааст, ки 338 зану духтар нисбат ба соли 2012 бештар аст. 41 нафари онҳо духтарони ноболиғанд. Дар маҷмӯъ соли гузашта 189 фоҳишахона кашфу ошкор шудааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 39 адад зиёд аст."

Масъулони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон сабаби ба фоҳишагӣ даст задани занону духтаронро ба сатҳи пасти маърифатӣ ва огоҳии худи занону духтароне, ки ба ин кор даст мезананд, марбут медонанд.

Вале  соҳибназорон бар инанд, ки ин мушкил решаҳои амиқтар дорад. Онҳо мегӯянд, аксари чунин духтарони ноболиғ аз оилаҳои носолим ва хонаводаҳои модарони танҳову камбизоат баромадаанд. Онҳо дар натиҷаи бемеҳрӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон дар зиндагӣ роҳгум задаву бархе ба доми миёнаравҳо афтода, ҷисм ва рӯҳи худро ба фаҳшо омехтаанд.

Ҳарчанд дар Тоҷикистон теъдоди фоҳишаҳои ноболиғ кам нест ва робитаи ҷинсӣ бо духтари ноболиғ аз 5 то 8 соли зиндонро дар назар дорад, чунин парвандаҳо зиёд нест. Аз сӯе ҳам фасоди молӣ ва маънавӣ, беэҳтиромӣ ба қонун ва вартаи афзояндаи байни қишрҳои иҷтимоӣ сабаб гаштаанд, ки ягон механизми ҷиддии мубориза бо фоҳишагарӣ то ҳол натиҷаи амалӣ надодааст.

Шояд ҳанӯз дер нест, ки давлат як барномаи мушаххасеро барои коҳиш додани фоҳишагарӣ рӯйи даст бигирад. Зеро ҳанӯз дида мешавад, ки аксари танфурӯшон дар Тоҷикистон фақр ва бечорагиро омили аслии ба кӯи фоҳишагӣ афтодани хеш унвон мекунанд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97