Сноувден номзад ба ҷоизаи сулҳи Нобел

Хабари хуб 07.02.2014 16:40

Edvard Snovden va nobelЭдворд Сноувден, ифшогари иттилоъотӣ, тавассути ду сиёсатмадори норвегӣ ба унвони яке аз номзадҳои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобели имсол муъаррифӣ шудааст.

Муъаррифҳои ӯ аз талошҳояш барои ифшои барномаҳои густардаи ҷосусии давлати Амрико ба унвони омиле барои ҷорӣ шудани сулҳ дар ҷаҳон ёд кардаанд. Борд Вигор, вазири пешини муҳити зисти Норвегия ва Снерд Волн, ҳар ду аз аъзои ҳизби чап ва сотсиалисти Норвегия дар номае номи ҷаноби Сноувденро ба Кумитаи ҷоизаҳои Нобел муъаррифӣ кардаанд.

Муҳлати муъаррифи номзадҳои ҷоизаи сулҳи Нобел то аввали феврал поён меёбад. Бо вуҷуди ин, ҷаноби Сноувден барои дарёфти чунин ҷоизаи муътабаре бояд бо феҳристе аз дигар номзадҳои фаъоли сулҳ дар ҷаҳон рақобат кунад.

Ҳамзамон бо интишори хабари номзадии Эдворд Сноувден барои дарёфти ҷоизаи Нобели сулҳ, мудири кулли сервиси ҷосусии Амрико хостори бозгардонда шудани санадҳое шуд, ки ба гуфтаи ӯ ҷаноби Сноувден "дуздида" аст.

Ӯ, ки 29 январ дар кунгураи Амрико сухан мегуфт, иддаъо кард иқдомоти ифшогаронаи Эдворд Сноувден дар як соли гузашта ба амнияти миллии Амрико зарба зада ва боъис шуда ниҳодҳои иттилоъотии ин кишвар фурсати дастрасӣ ба иттилоъоти бисёр судмандеро, ки аз тариқи шуракои амниятии худ касб карданд, аз даст бидиҳанд.

Эдворд Сноувден, ки пештар корманди ниҳодҳои амниятӣ ва иттилоъотии Амрико буда, соли гузашта пас аз тарки Амрико санадҳоеро дар ихтиёри расонаҳо гузошт, ки аз ҷосусии густардаи Созмони амнияти миллии Амрико аз шаҳрвандон ва раҳбарони саросари ҷаҳон парда бардошт.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97