Як муҳоҷири тоҷик пас аз 4 соат зери хок мондан наҷот ёфт

Хабари хуб 05.02.2014 19:39

muhojir zindaБар асари фурӯ рафтани замин дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия - як шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаааст.

Бар асари фурӯ рафтани замин дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия - як шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаааст.

Вазорати ҳолатҳои фавқуллода (ВҲФ)-и Русия дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки рӯзи 4-уми феврал дар ғарби Маскав ҳангоми тармими қубури фозилоб (канализатсия)  замин фурӯ рафта, як муҳоҷири тоҷик, ки дар онҷо кор мекард, зери хок мондааст.

"Дар натиҷаи таъмин накардани амнияти техникӣ дар маҳалли тармими қубур замин фурӯ рафт. Дар натиҷа як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1995 зери хок монд," - омадааст дар хабари расмии ВҲФ Русия.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, ин муҳоҷири тоҷик дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ бо номи "Миллер" кор мекард, аммо ному насаби ӯ гуфта нашудааст.

Амалиёти наҷоти ин муҳоҷир 4 соат идома кардааст. Муҳоҷири тоҷик ҷароҳатҳои гуногун бардошта, баъди берун кашиданаш аз зери хок дар бемористони "Ёрии таъҷилӣ"-и ба номи Склифосовскийи шаҳри Маскав бистарӣ шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97