Сардабири сайти Фарғона-Ру муътақид аст, ки Узбакистон дарди сари бузург барои минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меояд.
Ба гузориши сайти Садои Русия, Даниил Кислов таъкид карда аст, ки Узбакистон дар муқоиса бо чаҳор кишвари дигари Осиёи Марказӣ, дардисарсозтарин ҷумҳурӣ ба ҳисоб меояд, ки баргирифта аз инзивои сиёсӣ ва адами тамоюли мақомоти давлати Тошканд барои мушорикат дар тарҳи ҳамгароии минтақаӣ мебошад. Зеро давлати Тошканд метавонист дар ҳалли мушкилот ва ихтилофоти марзӣ, об ва энержӣ ва ҳамлу нақл бо дигар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии наздик дошта бошад. Аммо мақомоти сиёсии ин кишвар бо иддаои худхоҳӣ ва бартариталабӣ дар минтақа мушкилоти зиёдеро дуруст кардаанд, ки боиси сардӣ ва беэътимодӣ дар равобити давлати Тошканд бо ҷумҳурҳои ҳамсоя шудааст.
Манбаъ мегӯяд: «Ҳарчанд, ки Амрико, Иттиҳодияи Урупо ва Чин талош мекунанд аз Узбакистон ба унвони дарвозаи вуруд ба Осиёи Марказӣ истифода намоянд, хуб медонанд, ки бидуни мушорикати ин кишвар аксар аз тарҳҳои иқтисодӣ, энержӣ, ҳамлу нақли минтақаӣ муҳаққақ нахоҳад шуд. Аммо давлати Узбакистон ин таваҷҷуҳро имтиёз барои худ медонад ва талош мекунад, ки ҳамкорӣ бо қудратҳои рақиб дар Осиёи Марказиро бо гирифтани манобеи молӣ, сармоя ва имконот, таҷҳизот ва таслиҳот машрӯт созад.