Истеъфои нахуствазири Украина

Хабари хуб 01.02.2014 13:40

Mikola AzarovМикола Азаров, нахуствазири Украина аз мақоми хеш истеъфо дод.

Азаров дар як баёнияи расмӣ гуфт, бо ҳадафи фароҳам кардани имконоти бештар барои ёфтани роҳи ҳалли сиёсӣ ва ҳалли мусолиматомези муноқиша аз мақоми хеш истеъфо медиҳад.

 Истеъфои Микола Азаров дар рӯзе сурат гирифт, ки порлумони Украина дар ҷаласаи ғайринавбатӣ, масъалаи фурӯ нишондани нооромиҳои думоҳа дар ин кишварро баррасӣ мекунад. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, ахири ҳафтаи гузашта ба Арсений Ятсенюк, пешвои аслии мухолифони давлат мақоми нахуствазирро пешниҳод кард, аммо ӯ ин пешниҳодро напазируфт. Пеш аз нишасти порлумон, Янукович бо се раҳбари мухолифон мулоқот кард ва ваъда дод, ки қонуни баҳсбарангез дар бораи манъи баргузории гирдиҳамоӣ ва тазоҳуротро беэътибор мекунад. Олена Лукаш, вазири адлияи Украина, гуфтааст, ки дар ҷаласаи порлумон ҳамчунин нақши ҳукумат дар нооромиҳо баррасӣ мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97