Младич: Додгоҳи СММ додгоҳи шайтонист

Хабари хуб 29.01.2014 17:27

mladich 3Ратко Младич, генерали собиқи артиши сербҳои Боснӣ, Додгоҳи Созмони Милал барои ҷиноятҳои ҷангии Югославияи собиқро, додгоҳи шайтонӣ номид.

Ратко Младичро барои шаҳодат дар муҳокимаи Радован Караҷич, фармондеҳи артиши сербҳои Боснӣ ба додгоҳ ҳозир карданд. Ҳарду генерали серб ҷудогона ва бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дар ҷангҳои солҳои 1992-95 дар Босния муҳокима мешаванд. Додситонҳо мегӯянд, ки Младич ва Караҷич дар қатли дастаҷамъии 8 ҳазор босниҳои мусулмон даст доранд. Моҳи июли соли 1995 дар шаҳри Сребренитса, сербҳои боснӣ 8 ҳазор мардону наврасонро кушта ва ба таври дастаҷамъӣ зери хок карданд. Ҳарду муттаҳам мегӯянд, ки бегуноҳ ҳастанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97