Обама марихуанаро дар ду иёлот қонунӣ кард

Хабари хуб 27.01.2014 11:26

marijuana usБарак Обама, раиси ҷумҳурии Амрико, дар вокуниш ба озодсозии масрафи Марихуана дар ду иёлати Колородо ва Вашингтон, ин таҷрубаи қонуниро "чолише душвор" барои Амрико арзёбӣ кард.

Ӯ рӯзи 20 январ гуфтааст: "Масрафи Марихуана ва зиёнҳои он аз нӯшидани шароб бештар нест, аммо бо ин ҳол, ин як одати бад аст.

Обама, ки бо маҷаллаи "Ню-юркер" гуфтугӯ карда, ҳамчунин ба таҷрубаи шахсии худаш дар давраи ҷавонӣ ишора карда ва гуфта: "Борҳо аз ман нақл шуда, ки дар ҷавонӣ грас кашидаам ва, хуб, онро ҷузъи рафторҳои ношоистаи даврони навҷавониям табақабандӣ мекунам. Хеле бо сигор фарқе надошт, ки он ҳам бахши бузурге аз ҷавонӣ ва бузургсолии ман будааст."

Вай гуфт, ки набояд озодсозии масрафи маводди эътиёдоварро ба унвони роҳиҳалле барои тамоми осебҳои иҷтимоъӣ донист.

Ин суханонро раиси ҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба қавонини ҷадиди иёлатҳои Колородо ва Вашингтон дар ғарби Амрико матраҳ карда, ки порсол дар як ҳамапурсӣ ба озодии машрути масрафи Марихуана раъйи мусбат доданд. Иёлати Колородо ин қонунро аз январи имсол ба мавриди иҷро гузошт.

Ӯ дар бахши дигаре аз гуфтугӯ бо "Ню-юркер" гуфт: "Бахши қобили таваҷҷуҳе аз амрикоиёни фақир ва аксаран африқоитабор борҳо ба иллати гуноҳи муртабит бо Марихуана муҷозот шудаанд, дар ҳоле ки қишри миёна аксар аз таҳаммули муҷозоте инчунин масун мондаанд."

Мутобиқи гузориши солонаи Созмони Милали Муттаҳид, ҳудуди ҳашт дарсад аз ҷамъияти Амрико масрафи тафреҳӣ ва доимии Марихуанаро таҷруба кардаанд.

Бар хилофи бовари роиҷ, ки героин ва какаинро улгуи аслии масрафи муътодон дар ҷаҳон медонад, Марихуана ва дигар муштаққоти канабис (шоҳдонаи ҳиндӣ) пурмасрафтарин моддаи эътиёдовари ҷаҳон аст ва аз ҳудуди 260 миллион сӯимасрафкунандаи маводди эътиёдовар дар ҷаҳон ҳудуди 180 миллион нафар Марихуана масраф мекунанд.

Бо вуҷуди ин, ғайри қобили тазриқ будани ин модда, дар солҳои ахир давлатҳоро во дошта, то нисбат ба озодсозии он тасоҳул нишон диҳанд, чиро ки баъзе аз коршиносони коҳиши тақозои мавод ҷумрзудоӣ аз маводди эътиёдовари сабукро роҳкоре барои пешгирӣ аз афзоиши эътиёд ба маводди сангине чун ҳеруин ва кукоин медонанд.

Маводде, ки авоқиби перомунии он ҳамчун тазриқи муштарак ва интиқоли бемориҳои омезишӣ дар се даҳаи ахир ранҷҳои фардӣ ва иҷтимоъии фаровонеро ба дунбол доштааст.

Бо шиносоӣ ва густариши бемории СПИД, тазриқи сӯзандоруи муштарак ба унвони яке аз аслитарин роҳҳои интиқоли вируси Эйч-ой-вӣ ё вируси нақси эмании инсонӣ, ки омили бемории СПИД аст, шинохта шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97