Раиси "Амонатбонк" дар бораи қарзҳои Толиб Айёмбеков гузориш дод

Хабари хуб 23.01.2014 10:00

Raisi AmonatbonkМасъулони "Амонатбонк"-и Тоҷикистон мегӯянд, ки ин бонк дар соли гузашта ба бахши хусусии кишвар маблағи 298 миллион сомонӣ қарзи ботахфиф ихтисос додааст.

Ба гуфтаи онҳо, ин рақам дар муқоиса бо натиҷаи соли 2012 беш аз 50 дарсад афзоишро нишон медиҳад.

Ҷамшед Норинов, раиси "Амонатбонк", рӯзи 22 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ин равандро "пуштибонӣ аз иқтисоди воқеъӣ ва мусоъидат ба рушди соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон" унвон кард.

Ӯ гуфт, ки ба манзури эҷоди ҷойҳои кори нав ва коҳиши мизони фақр ба ҳудуди 20 ҳазор нафар сокинони минтақаҳои дурафтодаи кӯҳистони Тоҷикистон маблағи 148 миллион сомонӣ қарзҳои хурд аз ин бонк тавзеъ шудааст. Ва бо таваҷҷуҳ ба кишвари ғолибан кишоварзӣ будани Тоҷикистон ва сукунати бахши аслии аҳолии кишвар дар рустоҳо бештари қарзҳо ба бахши кишоварзӣ ва тиҷорат ихтисос ёфтааст.

Дар ин нишаст таъкид шуд, ки дар чорчӯби стратегияи рушди "Амонатбонк" дар назар аст дар соли ҷорӣ мизони тахсиси вомҳои кӯчак дар муқоиса бо соли гузашта 10 миллион сомонӣ афзоиш ёбад.

Дар ҳамин ҳол, масъулони "Амонатбонк" аз вуҷуди мавридҳои сарпечии тоҷирон аз пардохти қарзҳо хабар дода ва ба унвони мисол аз Толиб Айёмбеков, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони давлат дар вилояти Бадахшон ном бурданд, ки муддатҳост аз ин бонк қарздор аст.

Гуфта мешавад, дар соли 2008 аъзои хонаводаи Айёмбеков аз "Амонатбонк" ҳудуди як миллион сомонӣ қарз дарёфт карда ва то кунун танҳо беш аз 50 дарсади ин қарзҳоро пардохт кардаанд.

Ҷамшед Норинов, раиси Амонатбонк, гуфт, ки феълан ҳаҷми умумии қарзҳои Толиб Айёмбеков 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва қарор аст ба ҳисоби фурӯши амволи ӯ ин қарзҳо пардохт шавад.

Ӯ гуфт, ки ба манзури ситондани ин қарзҳо аз ҷумлаи масъулони Амонатбонк дар вилояти Бадахшон ва кормандони интизомӣ ситоди вижае таъсис шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97