Афғонистон: Амнияти духтареро, ки худро мунфаҷир накард, таъмин мешавад

Хабари хуб 15.01.2014 20:59

Afganiist 1Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, амнияти духтареро, ки аз инфиҷори идораи пулис худдорӣ кард, таъмин мекунанд.

Ин духтар, ки бо камарбанди дорои маводди мунфаҷира ба идораи пулис наздик шуда буд, аз Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон, дархости тазмини амнияташро кардааст.

Пулиси Афғонистон ба нақл аз ин духтари ноболиғ гуфтааст, ки дар миёнаш бародари бузургаш камарбандеро бо маводди мунфаҷира баста ва ӯро ба сӯи идораи пулис дар Ҳилманд равона кардааст.

Аммо ин духтар ба назди идораи пулис расида, худро ба пулис супурд ва гуфт, ки бародараш барои инфиҷор ӯро омода кардааст.

Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ки ҳоло дар суроғи хонаводае ҳастанд, ки ин духтар битавонад дар он зиндагии ором ва бидуни тарс дошта бошад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97