Барои табобати зуком хонаро тоза кунед!

Хабари хуб 13.01.2014 15:05

UborkaҲангоми гирифторӣ  ба шамолхурдагии шадид (зуком)  тағйироте хосе дар хона метавонад сабаби беҳбуди беморӣ дар афрод шавад ва тавсия мешавад, хонаводаҳо нукоти зикршударо барои камтар шудани давраи беморӣ ба диққат риоят намоянд.

Пизишкон ба афроде, ки дар хонаводаи худ фарди гирифтор ба зукоми фаслӣ доранд, тавсия мекунанд, ки муҳити хона метавонад боиси пешрафти беморӣ ва ё тезтар шудани раванди дармон шавад.

Аз ҷумла корҳое, ки метавонад боиси суръат ёфтани раванди дармон шавад, вуҷуди ҳавои тоза дар муҳити хона аст.

Баррасиҳо нишон медиҳад, ки дар фасли сармо аксари афрод ба далели пешгирӣ аз ҳадар рафтани гармо, дару тирезаҳоро мебанданд ва иҷозат намедиҳанд ҳавои тоза дар хона ҷараён пайдо кунад, ки ин мавзуъ метавонад боиси коҳиши сифати  ҳавои хона ва афзоиши сирояти беморӣ ба дигар аъзои хонавода шавад.

Аз дигар иқдомот дар ҳангоми бурузи зуком дар байни аъзои хонавода афзоиши гарду ғуборрӯбӣ ва пок кардани гарду ғубор аз рӯи ашё, ба вижа дар ҷои хоб, дар, тиреза ва пардаҳо аст, зеро ин зарраҳои хурд метавонанд сабабгори афзоиши сурфа дар бемор бавижа дар шаб шаванд. Аз дигар иқдомоти таъсиргузор ҷудо кардани зарфҳои ғизои беморон аз афроди солим ва шустушӯи онҳо бо маводи зиддиуфуникунанда аст. Дар ин замина пизишкон тавсия мекунанд ҳатто лифи зарфшуйи мутафовите истифода шавад ва пас аз ҳар бор шустани зарфҳои бемор лиф бо маводи зиддиуфуникунанда омехта шавад.

Истифода аз собун ва маводи шуяндаи зидди бактерияҳои даст дар ҳоҷатхонаи манзил метавонад аз сирояти беморӣ ба афроди дигари хонавода пешгирӣ кунад. Пажуҳишгарон зиддиуфунӣ кардани ҳавои хонаро аз тариқи канор задани пардаҳо ва иҷозати вуруди нури офтоб бидуни восита ва ҳамин тавр истифода аз маҳлулҳои бухори зиддиуфуникунандаи фазоро аз иқдомоти муфиди дигар дар ин замина медонанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97