Дар фасли зимистон ба ҷои шир афлесун бихӯред. Фасли зимистон ба далели коҳиши дараҷаи ҳаво, ҳамаи ашхос аз сармо гила ва шикоят мекунанд ва талош мекунанд, ки битавонанд худро гарм кунанд, то дучори бемориҳое аз ҷумла шамолхурдагӣ нашаванд.
Хурмо ва биҳӣ ҷузви меваҳое ҳастанд, ки ин рӯзҳо вуҷудаш дар сабади ғизоии хонаводаҳо зарурӣ аст ва боиси эҷоди гармо ва афзоиши сӯхту сози бадан мешавад.
Баррасиҳо нишон медиҳад афлесун ҷузви меваҳое аст, ки калтсии зиёде дорад ва дар як стакан шир 291 миллиграмм калтсий вуҷуд дорад, ки бо хӯрдани чанд афлесун низ метавонад дар бадан ба вуҷуд биёяд. Аз ин рӯ ҳатман бояд онҳо дар рӯйхати хӯрокиҳои шумо дар зимистон мавҷуд бошанд, зеро миқдори холестерини хун дар фасли зимистон ба маротиб бештар ва болотар меравад ва барои контроли холестерин ниёз ба истеъмоли ин хӯрокиҳо аст.
Пизишкон ҳамвора тавсия мекунанд, ки афлесун ва меваҳои зимистонӣ дорои миқдори зиёди фибр ва моеъот ҳастанд, ки аз беобии бадан дар зимистон ҷилавгирӣ мекунанд.