Стресс ва нигаронӣ метавонад таъсири фаровоне бар хулқу хуи волидайн бигзорад. Ин таъсир ҳам ба лиҳози тарбиятӣ, ҳам ба лиҳози чигунагии парвариш ва хӯроки кӯдак метавонад асари манфӣ дошта бошад.
Ҳамчунин кӯдаконе, ки волидайни онҳо дучори стресси бештаре будаанд, бештар дучори фарбеҳӣ дар синни кӯдакӣ мешаванд. Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки вазни барзиёди кӯдакон агар дар синни хурдӣ бо тағйири одати ғизоӣ ва назоратҳои пизишкӣ бартараф нашавад, метавонад сабабгори бемориҳои гуногуне дар синни навҷавонӣ ва калонсолии шахс шавад.
Пизишкон муътақид ҳастанд, волидайне, ки ба далелҳои гуногун стресс доранд, маъмулан замони муносибро сарфи омода кардани ғизои муносиб барои хонаводаи худ намекунанд.
Ин хонаводаҳо аксар вақт аз ғизоҳои консервӣ ва омода истифода мекунанд, ки ба далели ҳаҷми зиёди калория ва намаки мавҷуд дар онҳо метавонад сабаби афзоиши вазни кӯдак шавад.
Стресси волидайн маъмулан ба кӯдакон низ сироят мекунад ва боиси беҳаракативу афсурдагӣ ва ба дунболи он фарбеҳӣ дар кӯдакон мешавад.
Пизишкон дурӣ аз стресс ва додани ғизои солим барои кӯдаконро ба волидайн ҳамеша таъкид мекунанд.