Нотаи ВКХ- и Тоҷикистон ба Маскав роҷеъ ба қатли ваҳшиёнаи як тоҷик

Хабари хуб 30.12.2013 15:47

vazorati khorijai TJВазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди кишвар Шоҳҷон Раҳматшоев дар Маскав, ба ҷониби Русия ёддошт ва ё нотаи эътирозӣ фиристод.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин ёддошт рӯзи 28-уми декабр ба сафорати Русия дар Душанбе таслим шуд ва дар он аз мақомоти Русия тақозо шудааст, ки нисбати ин ҳодиса ба таври оҷил таҳқиқоти бетарафона ва мӯшикофона анҷом дода ва омилони ин ҳодисаи ваҳшатнокро дастгир ва муҷозот намоянд.

Шаби 26-уми декабр шаҳрванди Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев дар ҷанубу ғарби Маскав ба 25 зарбаи корд кушта шудааст ва қотилон ҳамчунин сари ӯро аз танаш ҷудо кардаанд.

Дар нотаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамчунон аз матолиби бархе аз расонаҳои русӣ, ки бегонаситезиро доман мезананд, нигаронӣ шудааст. Ҳамчунин дар ёддошти эътирозии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба изҳороти бархе аз ходимони ҷамъиятии Русия ишора шудааст, ки ба бегонаситезӣ мусоидат мекунанд.

Бино бар хабари Раёсати корҳои дохилии Маскав, ҷасади шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон Шоҳҷон Раҳматшоев соати 10-и шаби 26-уми декабр дар кӯчаи ба номи генерал Антонов кашф шудааст. Пулис мегӯяд, ба тани Раҳматшоев 25 бор корд зада, сипас сари ӯро аз тан ҷудо кардаанд. Дар айни замон, ҷинояткорон ба пул ва дороиҳои қурбонии худ даст нарасондаанд.

Талошҳои пулис, ки барои ёфтани қотилон аз сагҳои бӯйгир истифода кард, натиҷа надодаанд. Ҷасадро танҳо субҳи рӯзи 27-уми декабр, ҳамдиёрони Шоҳҷон Раҳматшоев, ки дар ҳамин минтақаи Маскав кор мекунанд, шиносоӣ кардаанд.

Пулис гумон дорад, Шоҳҷон Раҳматшоев аз тарафи гуруҳи миллатгароён ва нажодпапрастон кушта шудааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97