Мо, дар зер имзо гузоштагон – роҳбарони созмонҳои журналистӣ, васоити ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ ба вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов бо талаби мулоқот барои ҳалли қазияи боздошти ғайриқонунӣ, истифодаи зӯр ва лату кӯби журналисти ожонсии хабарии “Озодагон” – Абдураҳим Шукуров бо талаби мулоқот муроҷиат мекунем.
А. Шукуров рӯзи 25 декабр ҳангоми пароканда намудани издиҳоми назди боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар он ҷо ҳукми Зайд Саидов бароварда мешуд, дастгир гаштааст.Наворгири “Озодагон” А. Шукуров дар баробари журналистони дигар ба иҷрои вазифаи касбии худ машғул буд.Чуноне ба мо маълум шуд, Абдураҳим Шукуров бо ҳукми суд ба 7 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда аст.Мо бовар дорем, ки ӯ гақриқонунӣ дастгир ва маҳкум шуда аст, чунки ягон тартиботи ҷамъиятиро вайрон накардааст ва чандин шоҳид низ инро таъйид карда метавонанд.Ҳамчунин, ҳангоми дастгир кардан, кормандони ШКД ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати ӯ зӯрӣ истифода кардаанд, ки инро низ шоҳидон дидаанд.Ҳамчунин, ҷомеаи журналистони тоҷик ба қароре омадаанд, ки даст ба корпартоии пешакии сесоата даст зананд – мо кори худро аз соати 8:00 то 11:00 рӯзи 27 декабр бозмедорем.Ҳал нашудани ин масъала – мулоқотро бо намояндагони ВАО, созмонҳои журналистӣ ва СГД рад кардани Р.Раҳимов ба корфармоии дарозмуддат мерасонад.
Имзо гузоштанд:
Акбаралӣ Сатторов, роҳбари Иттифоқи журналистони ТоҷикистонНуриддин Қаршибоев, Асосиатсияи ВАО-и мустақили ТоҷикистонҚироншо Шарифзода, Шӯрои ВАОРустами Ҷонӣ, «Медиа-Ориёно», газета «Имрӯз news»Зинатулло Исмоилов, Ассосиатсияи истеҳсолгарон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣЗафар Сӯфӣ, газета «Озодагон»Хилватшоҳи Маҳмуд, хабаргузории «Озодагон»Шаҳло Акобирова, роҳбари СҒД "Хома"Гулнора Амиршоева, Медиа-алянси ТоҷикистонНабӣ Юсупов, СҒД Медиаконсалтинг Олга Тутубалина, газета «Asia-Plus»Саймуддин Дӯстов, газета «Нигох»,Хуршед Атовулло, газета «Фараж»,Ҷамшед Улмасов, хабаргузории «Авеста»Сайёфи Мизроб, газета «СССР»Маҳмадалӣ Мақсадулло, газета «Чархи Гардун»