Зайд Саидов ба 26 соли зиндон маҳкум шуд

Хабари хуб 26.12.2013 14:37

Zayd Saidov 26 solДодгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидов, соҳибкори дар гузашта муваффақ ва мубтакири таъсиси ҳизбе ба номи "Тоҷикистони нав"-ро барои 26 сол ба зиндон маҳкум кард.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр содир шуд, ҳамчунин амвол ва дороиҳои Зайд Саидов мусодира хоҳад шуд. Додгоҳ ӯро бар асоси чаҳор модаи қонуни ҷиноӣ дар таҷовузи ҷинсӣ, чандҳамсарӣ, қаллобӣ, фасод ва ришваситонӣ гунаҳкор донистааст.

Хабарнигорони зиёде барои бозтоби ин рӯйдод дар наздикии боздоштгоҳи амниятӣ ҷамъ шуда буданд, аммо ба гуфтаи онҳо, маъмурон иҷозаи вуруд ба толори муҳокимаро надоданд.

Маҳмудҷон Қосимов, яке аз мубтакирони таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", пештар ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ӯ ба "ҳокимияти қонун" эътимод дорад ва умедвор аст, ки додгоҳ Саидовро озод мекунад. Дар сурате ки Зайд Саидов маҳкум ба зиндон шавад, вакилони ӯ дархости таҷдиди назар хоҳанд кард.

Боздошти Зайд Саидов тобистони гузашта ва дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, баъд аз эъломи тасмимаш ба таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде бо номи «Тоҷикистони нав» сурат гирифт. Мақомот ӯро ба иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла ришваситонӣ, таҷовуз ба номус ва чандзанӣ мутаҳҳам карда буданд.

Намояндаи додситонӣ дар яке аз ҷаласоти ахири додгоҳ аз қозии парвандаи Зайд Саидов маҳкумият ба 28 сол зиндонро барои ӯ тақозо карда буд. Мунтақидон судури чунин ҳукмеро ғайримунсифона медонанд. Аммо таҳлилгарон боздошти Зайд Саидовро дорои ангезаҳои сиёсӣ хонда ва мегӯянд сабаби аслии боздошти вай ба эъломи тасмими ӯ барои таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" рабт доштааст.

Додгоҳи Тоҷикистон дар ҳоле Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард, ки иқдоми ахири Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар мавриди афви Ходорковсий як маҳбуси сиёсӣ ва аз ҷумлаи сарватмандтарин афроди ин кишвар бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистонро умедвор карда буд, ки маҳбусони ақидатӣ дар Тоҷикистон низ афв ва озод шаванд. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, дар Тоҷикистон касе барои ақидаи сиёсӣ таъқиб намешавад, ҳомиёни ҳуқуқи башар мавҷудияти зиндониёни сиёсиро дар Тоҷикистон тасдиқ мекунанд. Дар ин робита аз раҳбари демократҳо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, вазири собиқи умури дохилӣ Ёқуб Салимов, вазири пешини саноат ва соҳибкор Зайд Саидов ном бурда мешавад.

Таҳлилгари тоҷик, Меҳмоншо Шарифов ҳамзамон бо озод шудани Ходорковский дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт: "...ин бояд дарси омӯзанда бошад барои сиёсатмардони тоҷик дар шинохт ва ҳалли қазияи Зайдулло, агар дар пайи ободии мамлакат бошанд ...дар ҳалли ин кор набояд ба чунин хатогӣ роҳ дод...ки ҳам барои шахсияти ин соҳибкори Тоҷик ва ҳам барои Тоҷикистон зарарҳо дорад..."

Хабари раҳоии Ходорковский дар Русия махсусан дар дили дӯстону ҷонибдорони Зайд Саидов умедеро барафрӯхта буд, ки шояд раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба ҳамтои русаш соҳибкори маъруфи тоҷикро афв мекунад.  Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, ки солҳои зиёде дар дохили Русия зиёиён, ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҷомеъаи шаҳрвандӣ талаб карданд, ки Ходорковский аз ҳабс озод карда шавад. Кишварҳои ғарбӣ ҳам барои раҳоии ӯ талоши зиёд карданд. Вале мо мебинем, ки барои озод кардани Зайд Саидов як гурӯҳ дар дохили Тоҷикистон ва ду созмони байнулмилалӣ овоз баланд карданд.

Ҳукми шадид аллайҳи Зайд Саидов дар ҳоле эълом шуд, ки чанд рӯзи пеш гурӯҳе аз чеҳраҳои саршиноси фарҳангӣ ва илмии Тоҷикистон, аз ҷумла Мӯъмин Қаноат, Гулрухсори Сафӣ, Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев бо ирсоли нома унвонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш кардаанд, ки ба қазияи Зайд Саидов, ки Додгоҳи олӣ дар остонаи содир кардани ҳукми он буд, дахолат кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97