Атҳам Назаров, муҳофизатгари «Истиқлол», тими мунтахаби миллии Тоҷикистон ба бозии санҷишии тими «Иртиш» (Павлодар даъват шудааст.
Қаҳрамони панҷкаратаи Қазоқистон «Иртиш»-и Павлодар ҳавасманди бозии Атҳам Назаров, муҳофизатгари ҷавони «Истиқлол» гардидааст. Дар ин бора ба сайти расмии клуб Александр Фрак иттилоъ дода ва афзудааст, ки ин нияти тими Павлодарро ба тими Душанбе арз кардааст. Муҳофизатгар ба бозиҳои санҷишии «Иртиш» ба Туркия даъват шудааст. Роҳбарият ва ситоди мураббиён хоҳиши футболбозро дар бораи ширкат дар мусобиқоти бонуфузтар ба эътибор гирифта, онро пазируфтаанд.
Атҳам Назаров ният дорад, ки 3 январ ба Туркия равад ва ба ҳайати якачини «Иртиш» ҳамроҳ шавад. Мавриди зикр аст, ки Атҳам Назаров ба ҳайати «Истиқлол» аввали соли ҷорӣ ворид гардида буд. Дар мусобиқоти гузашта ҳамчун бозингари таҳти рақами 5-и «Истиқлол» дар 16 бозӣ ширкат намуда, 1151 дақиқа майдондорӣ кардааст. Атҳам Назаров 26 сентябри соли 1992 таваллуд шуда, 179 см қад, 72 кг вазн дорад.