Ожонси амнияти миллии Амрико эҳтимоли додани афв ба Эдуард Сноувден, паймонкори собиқи ин ожонсро ба шарти маҳфуз нигаҳ доштани бақияи иттилоъоти сиррӣ баррасӣ хоҳад кард. Ричорд Леҷет, фарде ки масъули расидагӣ ба парвандаи ифшогарӣ аст, мегӯяд дар мавриди афви Сноувден рӯйкарди боз нишон хоҳад дод.
Эдуард Сноувдени 30 сола дар моҳи июни соли ҷорӣ пас аз ифшои амалиёти густардаи ҷамъоварии иттилоъоти Амрико аз тариқи тамосҳои телефонӣ ва интернет ба Русия фирор кард.
Вай бо дарёфти паноҳандагии муваққат иҷоза ёфта то тобистони соли оянда дар Русия зиндагӣ кунад.
Ифшогарии Сноувден густардагии фаъолиятҳои ҷосусии Ожонси амнияти миллии Амрикоро бармало кард. Леҷет дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизиюнии Сибиэс (CBS) дар бораи эҳтимоли тавофуқе, ки боис ба афви Сноувден шавад, суҳбат кардааст.
Ожонси амнияти миллии Амрико дар ростои талошҳояш барои ироаи тасвире беҳтар аз амалиёти худ барои аввалин бор аз таърихи таъсиси худ тими филмбардории Сибиэсро ба мақари ин созмон роҳ дод то мусоҳибаи мазкур бо Леҷет анҷом шавад.
Ӯ дар ин бора гуфт: "Назари шахсии ман ин аст, ки музокира дар бораи ин мавзуъ арзиш дорад."
Вай таъкид кардааст: "Ман бояд итминон дошта бошам, ки бақияи иттилоъот маҳфуз боқӣ хоҳад монд ва меъёре, ки барои ҷалби итминони ман вуҷуд дорад, бисёр боло аст, танҳо ба ваъдаҳо ва таъкидоти ӯ (Сноувден) иктифо нахоҳам кард."
Аммо генерад Кейт Александр, раиси ожонс, ки дар авоили соли ояндаи милодӣ бознишаста мешавад, ба шиддат бо афви Сноувден мухолиф аст. Ба гуфтаи ӯ: "Ин як гаравгонгирии қобили муқоиса аст. Масалан, як нафар 50 нафарро гаравгон бигирад, 10 нафар аз ононро бикушад ва баъд бигӯяд, агар ба ман афви комил диҳед, ман 40 нафари дигарро озод мекунам. Шумо он вақт чӣ кор мекунед?"
Леҷет пештар дар гуфтугӯе бо хабаргузории Рейтерз дар мавриди бақияи иттилоъоти сиррӣ, ки дар дастраси Сноувден аст, ибрози нигаронӣ карда буд. Гуфта мешавад ҳудуди як миллиону ҳафтсад ҳазор санад ва мадраки сиррӣ дар дастраси Сноувден аст, ки ҳанӯз ҳаҷми зиёде аз он фош нашудааст. Леҷет ба Рейтерз гуфтааст: "Ифшогарии Сноувден ожонси амнияти миллиро комилан мутаҳаввил кард."
Дар ибтидои моҳи ҷорӣ як рӯзномаи бритониёӣ ба аъзои порлумони ин кишвар гуфт, ки танҳо як дарсад аз асноде, ки Сноувден дарз дода, дар рӯзнома чоп шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки мавзеи худро дар қиболи Сноувден тағйир нахоҳад дод ва ӯ бояд барои рӯбарӯ шудан бо иттиҳомоташ ба Амрико бозгардад. Амрико Сноувденро ба дуздии дороиҳои давлат, мукотиботи ғайримуҷоз дар мавриди иттилоъоти умури дифоъӣ ва анҷоми мукотиботи ғайримуҷоз дар мавриди иттилоъоти сиррӣ муттаҳам кардааст. Маҳкум шудан ба ҳар кадом аз ин иттиҳомот ҳадди аксар 10 соли зиндон ба ҳамроҳ дорад.