МегаФон-бренди сол дар Тоҷикистон!

Хабари хуб 20.12.2013 15:52

MegaFАз рӯйи номинатсияи "Технологияҳои олӣ" ба ҷоизаи тиллоии озмуни "Бренди сол", ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ гузаронида мешуд, ширкати "МегаФон Тоҷикистон" соҳиб гардид.

Беш аз 40 ширкат дар озмун барои соҳиб шудан ба унвони "Бренди сол" - "Қуллаи шӯҳрат" ширкат варзиданд. Натиҷаҳои озмун санаи 12 декабр дар меҳмонхонаи "Hyatt Regency Dushanbe" дар шаҳри Душанбе эълон карда шуд. Аз 44 иштирокчиён ба 12-тои онҳо дипломҳои дорандагон супорида шуда, 32 иштирокчии боқимонда ба ҷоизаҳои биринҷӣ, нуқрагин ва тиллоии "Бренди сол" - "Қуллаи шӯҳрат" соҳиб шуданд. Ҷоизаҳои "тиллоӣ" насиби 11 ширкат ва брендҳои онҳо гардиданд. 

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода зимни баромади худ дар чорабинӣ оид ба супоридани "Бренди сол" қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши муҳим мебозад. Инчунин мавсуф изҳори умед кард, ки чунин ҷоизаҳо ба ширкат дар рушд ва пешравии минбаъда нерӯи тоза мебахшанд.

"Ҳукумат минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамояд, ки соҳаи соҳибкориро тараққӣ диҳад, мо бошем, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем, то иқдомҳо оид ба рушди соҳибкорӣ ва брединг дар Тоҷикистон идома ёбанд", - зикр кард номбурда.

Ҷоизаи "Бренди соли" аввалин маротиба супорида шуда, ташкилкунандагони чорабинӣ аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо умед бар он доранд, ки озмуни мазкур анъанаи ҳарсола хоҳад шуд. Дар маросими мукофтсупорӣ намояндагони бахшҳои давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. Ҳадафи озмун ҳавасмандгардонии ширкатҳо дар истифода ва пешбарии бренди худ ба ҳисоб меравад. Интихоби ғолибон дар ду марҳила сурат гирифт. Ҳайати ҳакамони озмун дархостҳо ва анкетаҳои иштирокчиёнро, ки дар онҳо на танҳо нишондиҳандаҳои молиявии ширкатҳо, балки фаъолияти онҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ низ оварда шуда буданд (лоиҳаҳо, хайрия, саҳмгузорӣ дар рушди соҳа), мавриди баррасӣ қарор дод. Дар марҳилаи дуюм пурсиши телефонии аҳолӣ, ки аз ҷониби Маркази тадқиқоти сотсиологии "Зеркало" ташкил карда шуд, анҷом ёфта, дар натиҷаи он бренди беҳтарин ва шинохтатарин интихоб карда шуд.

"Ғолибият дар озмуни "Бренди сол" барои ширкати мо ин эътирофи мост, - мегӯяд Андрей Шишквоский, директори иҷроияи "МегаФон-Тоҷикистон". Мо пайваста сифати алоқаро беҳтар менамоем, нархнома ва хизматрасониҳои нав ва камхарҷро ҷорӣ мекунем ва сатҳи хизматрасониҳоямонро баланд мебардорем, афзуд ӯ. Хурсандиовар аст, ки аҳолӣ МегаФон-ро интихоб намуда, ин ширкатро дар соҳаи телекоммуникатсия яке аз брендҳои беҳтарин меҳисобад. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97