Созмони Милали Муттаҳид барои Сурия дархости шашу ним миллиард долар кӯмак карда, ки дар таърихи шасту ҳаштсолаи ин созмон бесобиқа аст. СММ тахмин мезанад дар соли 2014 тақрибан ҳафтоду панҷ дарсади ҷамъияти 22,4 миллион нафарии Сурия ба кумакҳои байналмилалӣ ниёзманд хоҳанд буд. Ин созмон тобистони имсол барои Сурия дархости 4,4 миллиард долар кумак карда буд.
Антониё Гутерз, комисари олии паноҳандагони СММ мегӯяд: "Мо бо шароити тарсноке рӯбарӯ ҳастем, то поёни соли 2014 бештари ҷамъияти Сурия ё овора шуда ё ниёзманди кумакҳои башардӯстонаанд. Вазъияти Сурия фаротар аз чизе аст, ки солиёни сол дидаем ва ин ниёз ба роҳи ҳалли сиёсиро бештар мекунад."
Борунс Имус, фиристодаи вижаи СММ ба Сурия буҳрони ин кишварро яке аз "бадтарин буҳронҳои асри ҳозир" дониста ва гуфта оворагони суриягӣ" фикр мекунанд дунё онҳоро фаромӯш кардааст."
СММ тахмин мезанад 6,3 миллион нафар дар Сурия овора шудаанд, аз ин рӯ аз шашу ним миллиард долари дархостӣ 4,2 миллиард долар ба оворагон ихтисос дода шудааст.
Беш аз ду миллиён суриягӣ ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Туркия ва Лубнон гурехтаанд ва ниме аз онҳо, ки дар кишвар мондаанд (11 миллион нафар) барои зинда мондан ба кумакҳои башардӯстона вобаста ҳастанд.
Бо расидани сармо авзоъи мардуми дармонда вахимтар шудааст ва созмонҳои байналмилалӣ барои расондани дору ва ғизо ба манотиқи даргирии шӯришиён бо нируҳои давлатӣ бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд ва дар минтақаҳое, ки муҳосира шудаанд, мардум аз кумакҳо маҳрум мондаанд. Бар асоси таҳқиқе, ки Кумитаи наҷоти байналмилалӣ (IRC) анҷом дода қаҳтӣ башиддат мардуми Сурияро таҳдид мекунад ва қимати нон панҷ баробар шудааст. Ин таҳқиқ мегӯяд, аз ҳар панҷ суриягӣ чаҳор нафар қаҳтии нонро бузургтарин тарси худ медонанд.
Дар беш аз ду соле, ки аз буҳрони Сурия мегузарад, ҳудуди сад ҳазор нафар дар Сурия кушта шудаанд.