Кӣ бояд биниашро ҷароҳӣ накунад?

Хабари хуб 16.12.2013 16:47

RinoplastikaҶароҳии зебоии бинӣ дар баъзе аз ашхос боис мешавад ӯ зебоии нисбии худро аз даст бидиҳад.

Ҷароҳии зебоии бинӣ беҳтар аст дар баъзе ашхос анҷом нашавад, ки ин ашхос ба шаш гуруҳ тақсим мешаванд:

1. Дар ашхосе, ки тасаввур мекунанд биниашон дучори мушкил аст, вале бо баррасии зебоишиносона мулоҳиза мекунем, ки бинии феълӣ дар таносуби қобили қабул бо бақияи қисматҳои рӯяшон қарор дорад.

Чун афрод дар сурати ҷарроҳӣ ба эҳтимоли зиёд зебоии нисбии хешро аз даст хоҳанд дод.

2. Дар гуруҳе аз тақозогарон ҳам эродҳои ҷузъӣ  дорад, ки бо ишораи  атрофиён ба ин мавзуъ, онҳоро ба самти ҷарроҳӣ мекашад, дар баъзеҳо  низ ба сабаби сохтори хоси бинӣ ба маҳзи ҷарроҳӣ эҳтимоли бурузи мушкилоти нафаскашӣ афзоиш меёбад.

Дар гуруҳи дигар ашхос тақозои тағийроти нодуруст ба лиҳози саломатии бинӣ доранд.

Бархе дигар дучори нуқсон дар зебоӣ ҳастанд, вале муъоинаи ҷарроҳ   ошкор мекунад, ки сабаби аслии ин нуқсон қисматҳои ғайр аз бинӣ аст.

Мушкилоти нафаскашӣ метавонанд аз мушкилоти гуногуне манша бигирад:

1. Часпандагиҳои дохили бинӣ;

2. Боқӣ мондани каҷии дохили бинӣ;

3. Бузургии шохаки бинӣ.

Паёмадҳои ногувори зебоии ҷарроҳии пластикӣ (косметикӣ) гуногун  буда ва муҳимтарини онҳо дар мавридҳои зер аст.

1. Бинии зиншакл;

2. Садамаҳои маҷрои ашкӣ ва косаи чашм;

3. Осеби пӯсти бинӣ;

4. Фурӯрафтагиҳои пардаҳои бинӣ;

5. Бардошта шудани пӯсти пардаи бинӣ;

6. Аз даст додани пӯсти нуки бинӣ;

7. Кушода шудани мӯйраги рӯи пӯсти бинӣ.

Ин бемориҳо хатарҳои зиёдеро ба дунбол дорад. Ин мавзуъ аҳамияти таваҷҷуҳ ба масоили дохили бинӣ дар ҳини ҷарроҳии биниро мефаҳмонад, ки боиси уфти қобили мулоҳиза дар сифати зиндагии шахс мешавад.

Бинӣ баъд аз ҷарроҳӣ мумкин аст, то муддатҳо варам дошта бошад ва беҳтарин кор ин аст, ки фурсат бидиҳем, варам оҳиста-оҳиста аз байн биравад ва дар тайи ин муддат бояд аз истодан дар баробари нури  офтоб парҳез кард.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97