Имрӯз 13 декабри соли 2013, дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурӣ, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа гузориши Қодири Қосим, котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд.Ӯ таъкид кард,ки қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаҳои даҳум ва ёздаҳуми Шӯрои машваратӣ ба густариши шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҳимоя ва дастгирии давлат ба соҳибкорӣ равона гардидаанд. Аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд» ворид карда шуд. Дар ин замина баъзе андозҳо бекор карда шуда ба истеҳсолкунандагони гушти мурғ, тухм ва хуроки чорво имтиёзҳо пешниҳод гардиданд. Ҳамчунин номгӯи фаъолиятҳои соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд, васеъ гардид ва маблағи патент низ вобаста ба шакли фаъолияти соҳибкорӣ то андозае паст карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба омӯзиш, таҳлил ва такмили Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ кард.
Инчунин бо мақсади татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис дода шуд.
З. Завқиев, роҳбари Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ин ҷаласа суханронӣ намуда, натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи кориро,ки барои рушди минбаъдаи бахши сайёҳӣ таъсис ёфта буд, муаррифӣ намуд. Аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ ба ҷаласаи Шӯро ҳуҷҷати таҳлилии Модели рушди бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ҳамчун натиҷаи пурсамари корҳои анҷомгардида пешниҳод карда шуд.
Ф. Акбаров роҳбари Ассосиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳониро муаррифӣ намуд. Ӯ изҳор дошт, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Котиботи Шӯрои машваратӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ таҳия карда шуда, як қатор чорабиниҳоро мувофиқи ҳар яке аз даҳ нишондиҳандаҳои Ҳисоботи Пешбурди соҳибкорӣ фаро мегирад. Интизор меравад, ки қабул ва амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ба баланд шудани мавқеи ҶТ дар Ҳисоботи Пешбурди соҳибкорӣ таконе хоҳад бахшид. Дар баробари ин таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чорабиниҳои вобаста ба Ҳисоботи Пешбурди соҳибкорӣ маҳдуд нагардида, гузаронидани ислоҳоти заруриро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини суботи иқтисодии мамлакат идома медиҳад.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ташкили бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ дар Тоҷикистон мариди баррасӣ қарор шуд.